Тоҷикистон ба низоми иҷозат барои кори Корея ворид шуда, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишвари мо аз соли оянда оғоз мешавад. Дар ин бора Киром Салоҳиддин, сафири Тоҷикистон дар Корея дар мусоҳиба бо радиои “Овози тоҷик” хабар додааст.
Ба иттилои сафир, Вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнати Кореяи Ҷанубӣ гуфтааст, Тоҷикистон дорои қобилиятҳои муносиби интиқоли қувваи корӣ аз лиҳози шаффофият ва ошкорбаёнӣ арзёбӣ гардида, барои интиқол, зербинои интиқол, аз қабили санҷишҳои пеш аз сафарбар намудан, омӯзиш, интихоб ва чораҳои пешгирандаи будубоши ғайриқонунӣ, заминаҳои лозима фароҳам омадааст.
“Фиристодани қувваи корӣ аз Тоҷикистон аз соли 2025, пас аз баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар бораи низоми иҷозаи байниҳукуматии шуғл ва ифтитоҳи маркази маҳаллии EPS дар кишварамон, ба роҳ монда мешавад”, - таъкид кардааст сафир.
Тибқи иттилои Вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнати Ҷумҳурии Корея 29 декабри 2023, дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати хориҷии меҳнатӣ, Тоҷикистон ҳамчун кишвари 17-уми низоми иҷозат барои шуғл (Employment Permit System) интихоб шуд.
Сафир зикр намуд, ки соли 2025 таъсиси маркази маҳаллии EPS дар кишвар ба роҳ монда мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон ба Низоми иҷозати кори кишоварзии Корея ҳам ворид шудааст. Низоми мазкур имкон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар ба муҳоҷират рафта, бо кори мавсимӣ таъмин шаванд. Пештар қарор буд, ки нимаи дуюми моҳи январ фиристодани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ин кишвар оғоз шавад, вале як манбаи огоҳ ба “Оила” гуфт, азбаски ҳоло Ёддошти тафоҳум имзо нашудааст, нақшаи имсоли муҳоҷирон ба соли дигар гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта гуруҳи калони муҳоҷирони тоҷик ба Британияи Кабир ва Корея барои кор рафта буданд. Барои як соати корӣ дар ин кишварҳо 12-14 доллар медиҳанд. Онҳо моҳе 1500-2000 доллар кор мекунанд. Муҳлати кор по шаш моҳ муқаррар шуда, кор дар самти кишоварзӣ аст.