Arzon march 2024
Муҳоҷирони тоҷик имсол барои кор ба Британияи Кабир мераванд?
711


Вақтҳои охир нафароне пайдо шудаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро фиреб карда, бо ваъдаи кори хубу сердаромад дар Аврупо аз онҳо пули калон мегиранд ва ваъда медиҳанд, ки барояшон виза мегиранду тамоми ҳуҷҷатҳояшонро тахт мекунанд, вале баъди он ки маблағро гирифтанд, бе ному нишон ғайб мезананд.

Барои он ки муҳоҷирон ба доми чунин қаллобон наафтанд, мо бо Директори Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Хуҷаназар Акбаров дар бораи роҳҳои осон ва қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои хориҷӣ суҳбати судманде оростем ва фишурдаи муҳовараамонро манзури хонандагони азизи ҳафтаномаи “Оила” мегардонем.

- Шумо ҳамчун директори марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон ба шахсоне, ки нияти ба кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, чӣ тавсия медиҳед?
-Ҳамарӯза ба маркази мо низ даҳҳо нафар барои дарёфти кор дар кишварҳои хориҷӣ муроҷиат мекунанд. Албатта мо ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки самтҳои муҳоҷирати меҳнатиро васеъ намуда, дар доираи имкониятҳои худ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба Аврупо ва дигар кишварҳои хориҷӣ сафарбар намоем.
-Мушаххасан гуфта метавонед, ки ба кадом давлатҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор мефиристед?
-Айни замон мо бо яке аз ширкатҳои калонтарини Россия “Озон” шартнома дорем ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор ба ин ширкат сафарбар карда истодаем. Шароитҳои кориаш хуб аст. Маошаш аз 100 ҳазор рулб боло буда, ҷойи хоби муҳоҷирон ройгон ва ба онҳо 3 вақт хӯроки гарм дода мешавад. Чиптаи ҳавопайморо худи корфармо пардохт мекунад.
-Шумо ба давлатҳои Аврупо низ муҳоҷирони тоҷикро равон карда метавонед?
-Албатта! Айни замон мо метавонем муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба Литва, Болгария ва Британияи Кабир, ки ҳамаашон давлатҳои Аврупоӣ мебошанд, барои кор фиристем.
-Дар ин давлатҳо муҳоҷирон бо чӣ корҳо машғул мешаванд?
-Талаботи ин давлатҳо гуногун аст, масалан дар Литва айни замон муттахассисони барқ-электрик ва кафшергар-сваршикҳо лозиманд. Аллакай як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз сӯҳбат гузаштанд ва рӯзҳои наздик раводид, яъне визаи корӣ гирифта, барои кор ба Литва фиристода мешаванд.
-Дар Болгария муҳоҷирони тоҷик бо чӣ кор машғул мешаванд?
-Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Болгария асосан дар комбинати гӯшт кор мекунанд. Барои кор дар ин кишвар бештар қассобон лозим мешаванд.
-Музди меҳнат дар ин давлатҳо чи қадар аст?
-Дар давлатҳои Аврупо бештар аз рӯйи соати корӣ ба муҳоҷирон музди меҳнат дода мешавад. Муҳоҷирони меҳнатӣ, агар хуб кор кунанд, дар як моҳ 1500-2000 евро кор карда метавонанд.
-Ба дигар давлатҳо низ муҳоҷиронро фиристода метавонед?
-Бале, мо ба наздикӣ бо давлати Миср-Египет шартнома бастем ва акнун ба ин кишвар низ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор фиристода метавонем. Хоҳишмандон зиёданд ва ҳоло мо онҳоро барои кор дар Миср омода карда истодаем. Шароитҳои кориаш бениҳоят хубанд. Маош аз 900 доллар боло буда, тамоми хароҷотҳои сафарро худи ширкат пардохт мекунад. Пули чиптаи ҳавопайморо корфармо медиҳад. Ҷойи хоб, хурду хӯрок ҳамааш ройгон аст. Фақат 150 долларе, ки барои гирифтани визаи корӣ сарф мешавад, онро ширкат месупорад ва баъдан аз маоши муҳоҷир медорад.
-Солҳои пешин сафарбарсозии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор дар Британияи Кабир аз моҳҳои март-апрел сар мешуд, вале имсол ба таъхир афтид. Британияи Кабир дигар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро қабул намекунад?
-Сабаби андак ба таъхир афтидани сафарбарсозии муҳоҷирон ба ин кишвар ин таъсири обу ҳаво мебошад. Имсол баҳор дар Британия хеле сербориш омад, корҳои кишоварзӣ қафо мондаанд. Новобаста ба номусоидии обу ҳаво мо як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба ин давлат равон кардем. Гурӯҳи дигарро дар мавсими тирамоҳ барои кор ба Британияи Кабир мефиристем.
-Сафарбарсозии муҳоҷирон ба Куриё кай оғоз меёбад?

-Аз рӯйи нақша мо бояд дар соли 2025 муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба ин давлат равон кунем, вале кор дар ин самт аллакай оғоз ёфтааст. Барои шахсоне, ки ба Куриёи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳанд, курсҳои ройгони омӯзиши забони куриёӣ кушода шудаанд. Ман ба шахсоне, ки ба Куриё коркунӣ рафтан мехоҳанд, маслиҳат медиҳам, ки ҳатман дар ин курсҳои забони куриёиро омӯзанд, чунки донистани забон яке аз шартҳои асосӣ мебошад.
-Вақтҳои охир шахсоне пайдо шудаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муҳоҷирони меҳнатиро фиреб мекунанд. Барои ба доми чунин қаллобон наафтидан муҳоҷирон бояд чӣ кор кунанд?
-Ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик гуфтаниям, ки ба ҳар хел эълонҳои шубҳаоваре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар боби кор дар хориҷи кишвар пайдо мешаванд, бовар накунанд. Шахсоне, ки ба кишварҳои Аврупо, Араб, Туркия ва дигар давлатҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳанд, бояд ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Садриддин Айнӣ 121 ҷойгир шудааст ё ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намуда, худро номнавис кунанд. Барои маълумоти иловагӣ муҳоҷирон метавонанд ҳамчунин ба рақами 225-05-75 занг зананд. Мо дар пайдо кардани кори муносиб дар давлатҳои хориҷӣ ба онҳо ёрӣ мерасонем.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД