Як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар вилояти Маскав ба қавли маъруф “патрули шариатӣ” ташкил карда, ба занону духтарони рус, ки домони кӯтоҳ (мини-юбка) ва либосҳои замонавӣ пӯшида будаанд, дарафтодаанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар медиҳанд.
Тавре gazeta.ru дар такя ба «Царьград» навиштааст, гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи Митишино ба роҳгузароне, ки намуди зоҳириашон маъқул намешуд, ҳуҷум карда, чанд самокатро зада шикастаанд ва ба тарғиби маводи нашъаовар машғул шудаанд.
“Муҳоҷирон занону духтарони русро, ки дар тан либоси кӯтоҳ доштанд, нигоҳ дошта, талаб намудаанд, ки либоси худро дигар кунанд, зеро шариати ислом чунин либос пӯшиданро ба занон иҷозат намедиҳад”,- навиштааст gazeta.ru.
Ба иттилои манбаъ, сокинони маҳаллӣ аз рӯйи муҳоҷирон ба пулис шикоят кардаанд ва дар пайи шикояти онҳо ҳамаи аъзои гурӯҳ боздошт шудаанд.
Марде, ки гӯё саркардаи гурӯҳ будааст, аз мардуми рус бахшиш пурсида, гуфтааст, ки онҳо фарҳанги русро ҳурмату эҳтиром менамоянд.
Айни замон нисбати аъзои гурӯҳ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.