Formula novemver 2024
Муҳоҷирони тоҷик дар Қатар бо чӣ корҳо машғул мешаванд?
316

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандонашро барои кор ба давлати Қатар мефиристад. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар давлати Қатар дар соҳаи чорвопарварӣ, анбори мошинҳо ва техникаи ин бахш кор хоҳанд кард.

Тавре Хадамоти муҳоҷират дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст, музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик дар Қатар вобаста ба ихтисосашон аз 600 доллари амрикоӣ бештар пардохт карда мешавад. Илова бар ин, корфармо пули чиптаи ҳавопаймо, раводид (виза), ҷойи хоб, хӯрок, либоси корӣ, хизматрасониҳои тиббӣ ва корти нақлиётиро ба ҳар як муҳоҷир медиҳад.

Шахсоне, ки мехоҳанд ба давлати Қатар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар ба рақамҳои 225-05-75 ва 225-02-21 занг зананд ё ба Хадамоти муҳоҷират, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 воқеъ гаштааст, муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД