Ҳукуматдорони Русия ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонанд, ки барои қонунӣ гардонидани будубоши худ дар Федератсияи Русия онҳо танҳо 35 рӯзи дигар вақт доранд. Шахсоне, ки то санаи 10-уми сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худо ба тартиб намедароранд, аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешаванд.
Дар Федератсияи Русия то 10-уми сентябри соли 2025 фармони Президенти Федератсияи Русия таҳти рақами 1126 амал мекунад, ки ба хориҷиён имкон медиҳад вазъи ҳуқуқии худро бидуни хатари депортатсия танзим намоянд. Пас аз ба итмом расидани муҳлат, ихроҷ намудан ва манъи вуруди муҳоҷирони ҳуҷҷатҳояшонро ба расмият надароварда имконпазир аст.
Барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои худ ва қонунӣ гардонидани будубошашон дар қаламрави Федератсияи Русия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба ин ниҳодҳо муроҷиат намоянд:
- Намояндагиҳои хадамоти шиносномавӣ-раводиди ВКД ФР;
- Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба муҳоҷират -Маркази «Сахарово» дар Москва.
📞 Суроғаи Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия барои гирфтани машварати ҳуқуқӣ:
+7 (967) 271-02-02
+7 (988) 676-00-00
+7 (966) 031-22-22
+7 (936) 174-19-92
+7 (926) 586-03-00
WhatsApp: +7 (999) 912-58-68
• Округи Приволже, Уфа:
+7 (926) 311-52-53
•Округи шимолу ғарбӣ, Санкт-Петербург:
+7 (977) 963-25-69
Округи ҷанубӣ, Краснодар:
+7 (901) 344-77-77
•Округи Сибирс, Новосибирск:
+7 (929) 388-54-11
•Округи шарқи дур, Хабаровск:
+7 (909) 809-55-48
•Округи Урал, Екатеринбург:
+7 (916) 555-74-97