goodwell
Муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Булғористон фиристода мешаванд
108

Муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Булғористон фиристода мешаванд. Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дода, аз шахсоне, ки мехоҳанд дар ин кишвари аврупоӣ кор кунанд, хоҳиш намудааст ҳарчи зудтар ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намуда, худро сабти ном созанд.

Барои кор дар Булғористон мардон ва занони аз 25 то 50-сола, ки забони русиро медонанд, қабул карда мешаванд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Булғористон ба ҳайси парастор, фаррош, хазинадор, ҳамшира, бофанда, устои таъмири корхонаи бофандагӣ, қулфсоз, кафшергар, таъмиргари мошинҳои боркаш ва техникаи роҳсозию сохтмонӣ, муҳандиси сохтмон, нақлиёт, роҳбари техникӣ, ронандаи мошинҳои борбардор, боркаш ва булдозер кор карда метавонанд.

Музди меҳнат дар як моҳ аз 750 евро сар мешавад, ки тақрибан 7500 сомониро ташкил медиҳад.

Муҳоҷирон бо чиптаи ҳавопаймо ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд. Иҷозатномаи кор аз ҷониби корфармо фароҳам оварда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном ва дарёфти маълумоти бештар ба “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират, дар кӯчаи Садриддин Айнӣ 121-и шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД