Амалиёти “Нелегал” дар қаламрави Федератсияи Россия идома дорад.
Саннаи 17-август кормандони мақомоти қудратии ин кишвар боз дар 15 корхонаву ташкилот рейд гузаронида, ҳуҷҷатҳои беш аз 250 нафар шаҳрванди хориҷиро, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, тафтиш карданд.
Боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон аз қаламрави Русия босуръат идома дорад.
Дирӯз дар минтақаи Дмитрови Вилояти Маскав кормандони мақомоти қудратии Русия амалиёти махсус гузаронида, амборҳои истеҳсолӣ ва иншоотҳои сохтмониро тафтиш намуданд.
“Дар ҷараёни ин амалиёт ҳуҷҷатҳои 276 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, тафтиш карда шуда, 154 ҳолати вайрон кардани қонунҳои муҳоҷиратии Федератсияи Россия ошкор карда шуд. Дар натиҷа нисбати 154 муҳоҷири меҳнатӣ санад тартиб дода шуда, ҳамзамон нисбати 12 нафар корфармоён, ки бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ шаҳрвандони хориҷиро ба кор қабул кардаанд, парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда шуданд”-хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Россия дар вилояти Маскав.
Аз ҷумла нисбати як сокини 47-солаи вилояти Томбов, ки ду нафар муҳоҷирони меҳнатиро бо манзили зист таъмин намудааст, барои ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо қисми 1-и моддаи 322-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Барои вайрон кардани қоидаҳои вуруду буду бош ва дигар қонунҳои муҳоҷиратии Россия ба муҳоҷирони меҳнатӣ хатари ихроҷ шудан аз қаламрави Федератсияи Россия таҳдид менамояд.