goodwell
Муҳоҷирони доғи судӣ дошта аз шаҳрвандии Русия маҳрум мешаванд
129

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия изҳор доштааст, ки назорат аз болои муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, пурзӯр карда шуда, пеши роҳи кӯч бастани ҷинояткорон ва дигар шахсони дорои доғи судӣ ва мушкилоти ҳуқуқӣ бояд гирифта шавад.

Ба қавли Володин, баъзе муҳоҷирон баъди омадан ба Русия қонунҳоро вайрон мекунанд ва ин масъала боиси нигаронӣ шудааст.

Барои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар Русия зиндагӣ кунанд, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда мешаванд, ки мувофиқи он шахсоне, ки дар кишвари худашон ё дар қаламрави Федератсияи Русия ягон қонуншиканӣ кардаанд ё доғи судӣ доранд, дигар шаҳрвандии Русияро соҳиб шуда наметавонанд. Чунин шахсон, агар қаблан шаҳрвандии Русияро гирифта бошанд, онҳоро метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум намоянд.

Ба гуфтаи Вячеслав Володин, имкониятҳои корӣ бояд танҳо барои он муҳоҷироне фароҳам оварда шаванд, ки қонунҳоро риоя мекунанд ва бовиҷдонона фаъолият мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки Думаи давлатии Русия чанде қабл қонун дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русияро ба тасвиб расонд. Тибқи қонуни нав, муҳоҷирон ҳанӯз дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузашта, изи ангушт месупоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД