Ба Думаи давлатии Россия лоиҳаи наве пешниҳод шудааст, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ иҷозати бо як патент дар ду минтақаи ҳамсоя кор карданро медиҳад. Ин танҳо ба шаҳри Маскав ва вилояти Маскав ва Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград рабт дорад.
Тибқи ин лоиҳа, шаҳрвандони хориҷие, ки азяк минтақа патент гирифтаанд, метавонанд дар минтақаи ҳамсоя низ фаъолият намоянд, ба шарте, ки байни ин минтақаҳои Русия созишномаи дахлдор баста шуда бошад. Корфармоёне, ки дар як минтақа фаъолият мекунанд, метавонанд шаҳрвандони хориҷиро, ки дар минтақаи дигар патент гирифтаанд, ба кор қабул намоянд.
Қонуни мазкур аз 1-уми сентябри соли 2025эътибор пайдо кунад.
Барои назорати иҷрои қонун корфармоён ба ВКД-и Русия дар бораи макони фаъолияти кормандонашон, ки шаҳрванди хориҷианд, маълумот дода, аз интиқоли ба минтақаи дигар бояд хабар расонанд.