Як ҷавни зодаи Тоҷикистонро барои таҷовуз ба номус ва куштори бераҳмонаи як зани рус, ки маҳсгар будааст, боздшт намуданд ва парвандаи ӯ аллакай ба суд фиристода шудааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд...
Додситонии вилояти Челябински Русия хабар додааст, ки парвандаи шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро, ки ба таҷовуз ва куштори як зани маҳсгар (массажистка) дар шаҳри Челябинск дар моҳи сентябри соли 2021 айбдор мешавад, баъди ба итмом расидани тафтишот ба додгоҳи вилоятӣ супурдааст.
Айни замон ҷавон дар боздошт қарор дошта, назари худи ӯ дар робата бо ин масъала маълум нест, вале ба гуфти намояндагони додситонӣ дар арфти тафтишот ин здаи Тоҷикистон ба гуноҳаш пурра иқрор шудааст.
Ба ин ҷавони тоҷик ҷазои ҳабси умрбод таҳдид мекунад.
Зани масҳгар, ки аз ҷниби ин ҷавони тоҷик мавриди таҷовуз ва қатл қарор гирифтааст, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз зодрӯзи 35-умаш кушта шудааст.
Намояндагони тафтишот мегӯянд, ҷавн занро барои он куштааст, ки ҷинояти қаблиаш, яъне таҷовуз ба номус ошкор нашавад, бехабар аз он ки камераҳои зиёди дар он манзил насбшуда ҳар қадами ӯро ба навор мегиранд.