Марди 40-солаи тоҷикро бо гумони расонидани зарари ҷисмонӣ ба як зани рус дасгир карданд.
Тавре ки расонаҳои Русия навиштаанд, ин марди 40-солаи тоҷик, ки дар шаҳри Санк Петербург зиндагӣ ва кор мекардааст, тариқи кадом як шабакаи иҷтимоӣ бо як зани 52-солаи рус ошноӣ пайдо намуда, ӯро ба вохӯрӣ даъват кардааст.
Пас аз мулоқоти аввал зани рус муносибаташро аз марди муҳоҷир канда, дигар бо ӯ сӯҳбат кардан намехоҳад. Ин рафтори зан боиси қаҳру ғазаби марди 40-солаи тоҷик гашта, бо фиреб ӯро ба мошинаш савор мекунад ва ба ҷойи хилват бурда, зери мушту лагад мегирад.
“Комсомольская правда“ менависад, ки зан бо бинӣ ва дасти шикаста ба духтурон муроҷиат кардааст.
Лату кӯби зан аз ҷониби марди тоҷик дар камераҳои назоратӣ сабт шудааст. Мард танҳо набуда, як рафиқашро низ бо худ гирифтааст. Кормандни пулис аз рӯи наворҳои камераҳои назоратӣ гумонбаронро дастгир намуда, насабаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Тафтишоти ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.