arzon replenishment
Муҳоҷири тоҷик се ҳамсояашро аз марг раҳо кард
891

 

Субҳи солеҳони 22 ноябри соли ҷорӣ дар деҳаи Мисерово дар канори шаҳри Клини вилояти Маскав як оиларо, ки се нафар буданд, аз марг наҷот додааст.

Дар хабар омадааст, ки ин марди тоҷик, ки дар  ҳамсояагиаш зану шавҳар ва як тифли сесола зиндагӣ мекард, ки дар хонаашон балони газ таркида аст ва ин мард ба кӯмаки онҳо шитофтааст. 

Додситонии вилояти Маскав дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки соати қариб панҷи субҳи 20 ноябр дар Мисерово ба сабаби беэҳтиётӣ ҳангоми истифодаи балони газ ин балон таркидааст ва як духтарчаи сесола бо падару модараш ҷароҳат бардоштаанд. Ҳарсеро дар бемористон бистарӣ кардаанд ва додситонии шаҳри Клин ба таҳқиқи ин ҳодиса пардохтааст.
Додситонӣ тафсилоти аз ин бештар надодааст, вале нашрияи “МК”, чопи Маскав, хабар додааст, ки ҷабрдидаҳоро ҳамсояашон, як мардикор аз Тоҷикистон, ки дар ҳавлии ҳамсоя дар битовка (вагон) шабро рӯз мекард, наҷот додааст. “Ҷабрдидаҳо ҳаракат карда наметавонистанд. Ҳамсояи ҷасурашон худаш онҳоро аз хона берун бароварда, то роҳ бурд. Агар ин коргари тоҷик намешуд, ҷабрдидаҳо шояд то омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” зинда намемонданд”, - навиштааст Бомдод, дар такя ба манобеаш. 

Садои таркишро муҳоҷири тоҷик, ки дар ҳавлии ҳамсоя дар вагони битовка зиндагӣ мекард? шунида, билофосила ба ҷои ҳодиса омадааст. Ба гуфтаи ин муҳоҷири тоҷик, ҷабрдидаҳо: мардум зан ва кӯдак аз ҷо ҷунбида наметавонистанд ва сару рӯяш аз дуд сип-сиёщ шуда, рӯи зан хуншор шуда буд. Муҳоҷири тоҷик ба хадамоти сӯхторнишонӣ ва “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, ҷабрдидаҳоро аз хона баровардааст ва ба мошини худаш савор карда, то сари роҳ бурдааст. Дар инҷо ҷабрдидаҳоро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бор карда, ба бемористон бурдаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД