Қаҳру ғазаб бадтарин душмани инсон буда, метавонад ба сари инсон фоҷиаҳои зиёдеро оварад. Ҳодисаи мудҳише, ки як рӯз қабл дар шаҳри Санкт-Петербурги россия ба сари як оилаи тоҷик омадааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Нашрияҳои русӣ аз сар задани ин ҳодисаи мудҳиш дар оилаи муҳоҷирни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург хабар додаанд, ки аз шунидани тафтишлташ ба тани кас мурғак медаамад. Тавре ки журналистони рус менависанд, як марди тоҷик дар Россия бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол намуда, дар рафти ин муноқишаи оилавӣ якбора 10 қабурғаи занашро зада шикаста, бар замми ин, кордборон кардааст.
Ҳодиса рӯзи 29 -август дар як хонаи воқеъ дар хиёбони Металлистҳо 38 сар задааст, ки онро зану шавҳари муҳоҷир аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буданд. Байни онҳо моҷарои оилавӣ сар зада, дар рафти ҷанҷоли хонаводагӣ шавҳари бадҷаҳл ба бадани ҳамсараш чандин зарбаи корд зада, ҳамзамон 10 қабурғаи занро зада шикастааст.
Хушбахтона, бародари ҷавонзан сари вақт аз моҷаро хабардор гашта, ба пулис занг задааст. Марди бадҷаҳлро, ки 36-сол доштааст, боздошт намуда, ба дастонаш завлона заданд, зани 33- солаи ӯро бошад, бо захм ва ҷароҳатҳои зиёд ба беморхона бурданд.Тавре ки Бомдод менависад, табибони рус вазъи саломатии ин зани тоҷикро вазнини миёна арзёбӣ намудаанд.
Сабаби сар задани муноқишаи хунин дар оилаи муҳоҷирони тоҷик ҳанӯз маълум нест, вале бар асоси моддаи 111-и Кодекси ҷиноятии Русия ба ин марди бадҷаҳл барои қасдан расондани осеби вазнин ба саломатии ҳамсараш то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.