Тӯйи арӯсӣ хушбахттарин рӯйдод дар ҳаёти ҳар як инсон мебошад,аз ҳамин хотир аксари ҷавонони тоҷик маҳз бо нияти ҷамъ кардани пули тӯй ва бунёди оила ба Русия мардикорӣ мераванд, аммо бахти яке аз чунин мардикорони тоҷик дар мулки ғурбат хандида, пули тӯяшро аз ҳисоби бозии лоторея бурд кардааст.
Учқун Шукуров зодаи Тоҷикистон буда, дар шаҳри Екатеринбурги Русия мардикорӣ мекардааст. Ин ҷавон дар бозии лотерея мошини арзишаш 600 ҳазор рубл бурд кардааст, вале ба ҷойи мошин пулашро гирифтааст. Сабаби аз мошин даст кашиданашро ин ҷавон дар он маънидод намудааст, ки мехост зан бигирад ва акнун ин маблағро барои тӯйи домодиаш сарф хоҳад кард.