Бунафшоҳ Эркинов, як ҷавони 17-солаи тоҷик ҳангоми амали террористӣ дар “Крокус-Сити -Холл” ба осебдидагон ёрӣ расонида, ҷони марди русро наҷот додааст.
Ба иттилоъи расонаҳои русӣ, Бунафшоҳ Эркинов 17- сола буда, ҳам шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандии Федератсияи Россияро доштааст. Ин ҷавони тоҷик дар меҳмонхонаи “Аквариум” ба сифати пешхизмат кор мекунад. Меҳмонхонаи мазкур дар дохили “Крокус-Сити –Холл” ҷойгир мебошад.
Бунафшоҳ Эркинов ба тозагӣ дар ин меҳмонхона ба кор даромада, дар рӯзи сеюми кориаш як марди бар асари амали террористӣ дар “Крокус” захмишуда ҷонҳавл худро ба меҳмонхона зада, об мепурсад ва ба замин афтида аз ҳуш меравад. Бунафшоҳ ҷойи захми хуншори мардро бо саҷоқ маҳкам баста, хунрезиро пешгирӣ кардааст.
Тамоми кормандони меҳмонхона аз тарс фирор карда бошанд ҳам, ин ҷавони 17-солаи тоҷик бо марди захмӣ монда, омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро интизорӣ кашидааст. Баъдан кормандони пулис бо ёрии Бунафшоҳ марди захмиро, ки Владимир ном доштааст, ба табибон супурдаанд.
Рафтори ин ҷавони тоҷик бори дигар собит менамояд, ки тоҷикон дар асл мардуми ғамхор ва меҳрубоне ҳастанд ва амали ваҳшиёнаи чанд нафар бехирад наметавонад ба номи тамоми миллат доғ оварад.