arzon replenishment
Муҳоҷирати занони тоҷик: мӯд ё тақозои ҳаёт?
2061

Рисолати азалии зан таваллуду тарбияи фарзанд ва гарму равшан нигоҳ доштани оташи хонадон аст, вале баробар шудани ҳуқуқҳои зан ва мард бонувонро то андозае мард кардааст, ки маҷбуранд ҷинси латиф ва мавҷуди нозук будани худро фаромӯш карда, миёнашонро маҳкам бубанданд ва корҳои вазнини мардонаро низ бар дӯши худ бигиранд. Далели равшани ин гуфтаҳо солҳои охир қатори мардон рӯ ба муҳоҷират овардани занони тоҷик мебошад.
Танҳо аз Вилояти Хатлон дар соли 2021 ҳудуди 20000 нафар занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Тавре ки Спутник хабар додааст, дар 11 моҳи соли равон аз ин вилоят 169,3 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз кишвар рафтаанд, ки 149,4 ҳазор нафарашон мард ва 19,9 ҳазори дигар бонувон будаанд. Аз ин рақамҳо чунин бармеояд, ки ҳар 7-умин нафари ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварда зан будааст.
Мушкили пайдо кардани кори мувофиқ ва афзоиши бемайлони бекорӣ дар кишвар, торафт боло рафтани нарху наво дар бозор, дузанагию сезанагии мардон ва ҷангу ҷанҷолҳои пайвастаи хонаводагиву пошхӯрии оилаҳо аз сабабҳои асосии рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардани занону духтарони тоҷик мебошанд.
Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани занон аз назари аввал як падидаи нек менамояд, зеро бонувон бо ҳамин роҳ пул кор карда, имкон пайдо мекунанд, ки зиндагии худ ва фарзандонашонро мустақилона пеш бибаранд, аммо муҳоҷир шудани зан-модар мушкилоти зиёдеро дар самти тарбия пеш оварда метавонад. Вақте ки модар ба хотири беҳдошти зиндагӣ ва дарёфти пул ба муҳоҷиратимеҳнатӣ меравад, фарзандон аз назорат дур монда, тарбияи ахлоқӣ ва маънавиашон коста мегардад, бар замми ин, норасоии меҳру муҳаббати модар ба рӯҳияи кӯдакон таъсири ногувор расонида, худбаҳодиҳии бачаҳоро паст месозад ва ҳисси нобоварӣ ба худро дар онҳо ривоҷ медиҳад. Кӯдаконе, ки падару модарашон онҳоро дар тарбияи хешу табор гузошта, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, худро нолозим ва бе пушту паноҳ эҳсос намуда, азоби рӯҳӣ мекашанд ва дар натиҷа тарсӯву дар зиндагӣ ноустувор ба воя мерасанд.
Мушкили дигар дар он аст, ки аксари занони муҳоҷири тоҷик дониши кофӣ надоранд ва на ҳамеша аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда метавонанд. Пас будани маърифати ҳуқуқии бонувони муҳоҷир баъзан боиси ба доми фиреби қалбон ва ҳатто одамфурӯшон афтодани занони сода ва зудбовар мегардад.
Аммо новобаста ба ҳама мушкилиҳои мавҷуда раванди муҳоҷирати занон ба Русия бо мақсади дарёфти як пора нон ва беҳдошти зиндагӣ сол то сол бештар суръат гирифта, шумораи занҳои муҳоҷир торафт меафзояд.
Муштариёни азизи сомонаи Оила.ТЧ!
Шояд дар ин мавзӯъ шумо назари дигар дошта бошед. Камарбанди мардона ба миён баста ба муҳоҷират рафтани занон хуб аст ё бад? Назари худро дар шаҳри мавод нависед!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД