Formula novemver 2024
МУҲОҶИРАТ ВА ПАЙОМАДҲОИ НОХУШИ ОН
615

 

Муҳоҷират дар шароити имрӯз барои мамолики собиқи Шӯравӣ падидаи нав аст, ки омили асосиаш бекорӣ мебошад. Дар ташаккули ин раванд асосан ҷавонон ҳамчун қисми фаъоли ҷомеа нақш доранд.

Тибқи шаҳодати таърих масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавзӯи демографӣ буда, ҳанӯз солҳои 80-уми асри XIX зуҳур кардааст. Ин мавзӯъ дар асри XX бар иллати он ки дар ин раванд қувваи асосиро ҷавонон ташкил медиҳанд, «доғи рӯз» гардид.
Бахусус, аз солҳои 70– 80-уми асри XX сар карда, доир ба муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ дар матуоти даврӣ ибрози андешаҳо шуруъ шуданд.

Дар кишвари мо, тибқи арзёбии коршиносон, аввалин муҳоҷирони меҳнатии тоҷик афроди иҷборӣ буда, як қисм аз тарси ҷанги шаҳрвандӣ ҳиҷрат намуда, қисми дигарашон аз набудани ҷойи кор ба хотири дарёфти манбаи таъмини рӯзгор тарки Ватан карданд.

Алҳол яқин аст, ки аз ҳар як оилаи тоҷик як ё ду узваш дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, берун аз ҳудуди Тоҷикистон меҳнат мекунад. Аз ин муҳоҷирон аксарияташон ҷавонони аз 17 - сола боло буда, бештарашон ягон ихтисос надошта, бозори арзони меҳнатро ташкил менамоянд.

Таҳлилгарони байналмилалӣ муҳоҷирати меҳнатиро падидаи ҳамафарогир ва пешқадам арзёбӣ менамоянд, чунки ба назари онҳо бархӯрди тамаддунҳо бо ҳамин роҳҳо сурат мегиранд. Яъне, кишварҳо яке аз дигаре чизе мегирад ва дар айни ҳол худ низ чизе дода, бо ҳамин роҳ арзишҳои умумибашарӣ пайдо мешаванд. Дар бештари маврид ин табоду фарҳангҳо буда, бархӯрди тамаддунҳо аз ҳамин ҷой оғоз ёфтааст.

Онҳо ду шакли муҳоҷиратро эътироф кардаанд, ки тамоюли афзоишаш бештар буда, аллакай ба як раванди муташаккили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст:
а) маҷбурӣ, ки он барои таъмини ризқу рӯзӣ дар ҷустуҷӯи ҷойи кору манбаи даромад маҷбуран сарҳади давлатҳои дигарро убур карда, бо садҳо монеа тоқат намуда, соҳиби кор мешаванд. Аксарияташон муддати тӯлонӣ ва қисмате аз онҳо бебозгашт зану фарзанд ва падару модарашонро бетакягоҳ монда, он ҷо мемонанд, ки оқибаташ хуб нест.

б) давлатҳо ҳавасманди онанд, ки соҳибкасбони миллатҳои дигар ба кор оянду дар иқтисодиёташон саҳм гузоранд. Агар муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои дигар касбу кореро ёд гиранд, ки ҳангоми ба Ватан баргаштан донишу таҷриба ва ихтисоси гирифтаашонро корбаст намоянд, он гоҳ ин раванд пешқадам аст.
Яке аз умдатарин мушкили муҳоҷирон ин бекасбиву бетаҷрибагиашон аст. Зеро онҳо агар соҳиби касби муайян набошанд, аз он имкониятҳое, ки соҳибкасбон доранд, маҳруманд. Кордиҳанда ба чунин муҳоҷирон кадом кореро пешниҳод намояд, онҳо ба хотири раҳоӣ аз саргардонӣ ба он зуд розӣ мешаванд. Чунин муҳоҷирон имкони рад карданро надоранд ва табиист, ки баъди бозгашт ҳам дар ватан коре карда наметавонанд.
Акнун маълум аст, ки давлатҳои пешрафта агар ихтисосмандонро аз ҳисоби халқҳои дигар ҳам ба тариқи шартнома тайёр намоянд, кӯшиш менамоянд онҳоро нигоҳ доранд. Аксари давлатҳои пешрафта ҷалби олимон, муҳандисҳо, менеҷер ва омӯзгорони хориҷиро «воридсозии дониш» медонанд ва аз ин даромади зиёди иқтисодӣ мегиранд. Намунаи олитарини ин раванд муҳоҷирати гуруҳи ба Англияву Корея ва Амрикову Олмон аст, ки оқибати кассодии бозори дохилии меҳнат ва норасоии мутахассисони соҳибкасб мегардад.
Мушкили дигари муҳоҷиони тоҷик якбора рӯй гардонидани онҳо аз хонавоад аст. Онҳо дар ватанашон оила барпо намуда, соҳиби ду ё се фарзанданд. Вале дар муҳоҷират агар ҷойи кори хуб пайдо намуда, ба муҳити солими корӣ афтанд, ба хотири ташкили зиндагии хубу сазовор он ҷо бо шаҳрвандони таҳҷоӣ издивоҷ карда, оила барпо намуда, алоқаашонро бо хешу табору ҳамдиёрон, зану фарзанд канда, шаҳрвандии он ҷойро қабул менамоянд.
Масъалаи дигаре, ки ҳаллу фаслаш барои ҷавонон ва умуман миллат зарур аст, ин масъалаи духтарону ҷавонзанон аст, ки аз сабаби набудани ҷавонони ҳамсолҳояшон оила ташкил карда натавониста ба намояндагони миллатҳои ғайр издивоҷ менамоянд, ки ин падида ба ояндаи миллат ва генафонди он хавфи ҷиддӣ дорад.

Ақли солим талабгари он аст, ки ба ҳар кадом падидаи ба ояндаи миллату давлати соҳибистиқлол зараровар аз фоидаи муваққатии иқтисодии оқибат фалаҷкунандаи миллату давлат, пайваста даст кашидаю рӯ ба ташкили навъи фаъолияти меҳнатие биоварем, ки ҷомеаро аз вартаи хатарнок берун баровард. Ба муҳоҷират низ аз ин дарича бояд нигарист.
Сайёҳат Муродова, омӯзгор аз ш. Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД