Sebiston new 2024 october
МУҲОҶИРАТ ВА КОРОНАВИРУС: ЧӢ ТАВР БАҲРОМ ПИСАРАШРО ХОНАДОР КУНАД?
9762

Баҳром Ҳамроев, сокини шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Зафаробод аст. Ӯ чанд сол инҷониб рӯзгорашро аз ҳисоби муҳоҷират пеш мебурд. Ду соли охир Баҳром дар Федератсияи Русия буд.

Охирҳои моҳи декабри соли гузашта баъди ду соли пур аз машаққату дурӣ аз аҳли оилааш Баҳром ба Тоҷикистон баргашт. Фарзанди калонии ӯ имсол дар бахши чоруми Коллеҷи тиббӣ мехонад. Писари хурдиаш бошад ҳанӯз хонандаи синфи 8-уми мактаби миёна аст. Азбаски онҳо се сол боз дар шаҳр иҷоранишинанд, барои пешбурд ва таъмини оила бештар ҳамсараш Ҳамроева саҳм гузошта истодааст. Ӯ бо тиҷорати хурд машғул аст. Мехоҳад бо ин роҳ ба шавҳараш кӯмак кунад.

Баъди чанд муддати фароғат дар хона хост дигарбора азми сафар ба Русия кунад. Пеш аз сафар бо падар ва бародарону наздиконаш, ки дар деҳа зиндагӣ доранд, дидорбинӣ намуда, бо онҳо хайрухуш кардан хост, зеро ин дафъа ҳам тӯлонӣ дар муҳоҷират монданӣ буд. Фарзанди калониашро хонадор карданӣ буд ва албатта барои ин маблағи зиёд лозим буд, бинобар ин дигарбора ба муҳоҷират рафтан лозим буд.


Муҳоҷирон: ДОД аз дасти БЕПУЛӢ


Баъди бозгашт аз деҳа ба фурӯдгоҳ рафт, вале дар онҷо гуфтанд, ки ӯ сафар карда наметавонад, зеро марзҳо аллакай, аз сабаби паҳншавии вируси нав, баста буданд. Ин хабар Баҳромро ғамгин кард, чунки бо вуҷуди оне ки ӯ дар муҳоҷират бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда, ранҷҳои зиёд кашидааст, аммо метавонист бо меҳнати дасташ рӯзи худ ва оилаашро гузаронад.

Ӯ дар суҳбат бо мухбири сомонаи “Оила” гуфт: “Вақте фаҳмидам, ки роҳҳо баста шудаанд, хеле ғамгин шудам, зеро мехостам кор карда, оиламро таъмин ва писари калониамамро хонадор кунам. Албатта, дар Тоҷикистон ҳам кор ҳаст, аммо маблағе, ки дар ин ҷо пайдо мекунам, танҳо барои рӯзгузаронӣ мерасад. Вале дигар илоҷе надорам, чунки сарҳадҳоро аллакай бастанд.

Якчанд рӯз гузашт ва дар деҳа як кор пайдо кардам. Ҳоло кор карда истодаам, аммо ҳамеша интизори кушодшавии сарҳадам. Ҳамин ки роҳҳо кушода шуданд, боз ба муҳоҷират меравам”. Ба гфти ин ҳамсуҳбати мо гаронии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозор ва пеш омадани рӯзҳои моҳи шараифи Рамазон зиндагии ӯро вазнинтар кард. Акнун ӯ маҷбур мешавад, ки аз дигарон қарз пурсад ва бо ин маблағ зиндагӣ кунад. Баҳром мегӯяд, ки чораи ягонаи пардохти қарзҳо ва ҷамъ кардани маблағи тӯйи фарзандашро маҳз дар рафтан ба Русия мебинад.

Баҳром дар кишвари мо ягона нафар нест бо чунин мушкилӣ. Сомонаи Oila.tj қаблан дар як матлаби таҳлилии худ аз вазъи зиндагии муҳоҷирони ноҳияи Шаҳринав, ки баъди баргаштан аз Русия ба корҳои деҳқонӣ машғуланд, гузориш дода буд. Воқеан, баландшавии нархҳои бозор дигарбора аҳволи муҳоҷиронеро, ки бо сабаби паҳншавии вируси нави корона ба кишвар омадаанд, еле танг кард. Акнун онҳо чораи ягонаро дар кушодашавии марзҳо ва рафтан ба муҳоҷират мебинанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД