Салом! Қариб ҳама мардон дар оилаи мо муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд. Падарам, се бародарам, ҳатто шавҳарони апаҳоям ризқу рӯзии худу фарзандонашонро аз муҳоҷират меёбанд. Азбаски қариб 20 сол боз пайваста ба Русия рафта меоянд, аллакай аксарияташон шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд. Туфайли падарам аввал бародаронам, баъд апаҳоям ва бо воситаи онҳо шавҳаронашон шаҳрвандии Россияро ба даст оварданд. Ман имсол мактаби миёнаро хатм намуда, ба шӯъбаи ғоибонаи донишгоҳ дохил шудам ва мехоҳам ба назди падарам ба шаҳри Маскав коркунӣ равам. Барои он ки кормандони пулис ва дигар мақомотҳо дар ин кишвар бисёр азоб надиҳанд, шаҳрвандии ин кишварро гирифтан лозим аст. Албатта ман метавонам бо воситаи падарам шаҳрвандии Федератсияи Россияро бигирам, вале метарсам, ки баъди паспорти русӣ гирифтанам маро ба хизмати аскарӣ набаранд. Мегӯянд, ки одамони ба тозагӣ шаҳрвандӣ гирифтаро ба ҷанг бурда истодаанд. Аз ҳамин хотир, ба шумо муроҷиат намудам, то бифаҳмам, ки ин овозаҳо ҳақиқат доранд ё не? Агар шаҳрвандии Россияро гирам, маро ба хизмат мебаранд?
АЗАМАТ, аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд
Посух:
- Бародари азиз! Муҳоҷирони меҳнатӣ минбаъд наметавонанд бидуни қайди ҳарбӣ соҳиби шиносномаи русӣ гарданд. Дар ин бора ҳафтаи гузашта Светлана Бессараб, аъзои Кумита оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва кор бо ветеранҳои Думаи давлатии Россия хабар дода буд.
Ин вакили парлумони Россия дар сӯҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, ки ахиран Дума ба хотири пурзӯр намудани қоидаҳои будубош ва зисту зиндагӣ дар Федератсияи Россия чанд тадбири тоза андешид.
“Қабл аз анҷоми сессияи тирамоҳии худ Думаи Давлатии Россия чанд қонуни навро қабул намуд, ки ба пурзӯр гардонидани қоидаҳои буду бош ва зисту зиндагӣ дар қаламрави Федератсияи Россия нигаронида шудаанд. Ин қонунҳо асосан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар Федератсияи Россия зиндагӣ намоянд, кор кунанд, хонанд ва шаҳрвандии кишвари моро ба даст оваранд, дахл доранд. Минбаъд барои ин тоифа гирифтани шаҳрвандии Россия бе қайди ҳарбӣ имконнопазир аст “-гуфтааст Светлана Бесараб.
Ин вакили парлумони Русия таъкид кардааст, ки қонуни нав натанҳо ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҳамакнун мехоҳанд соҳиби шаҳрвандии Федератсияи Россия гарданд, балки ба афроди аллакай шаҳрвандӣ гирифта низ дахл дорад.
“Шахсоне, ки аллакай шаҳрвандии Россияро гирифтаанд, вале худро дар қайди ҳарбӣ гузошта, дар сафи артиши Россия хизмат кардан намехоҳанд, аз шаҳрвандии Россия маҳрум гаштанашон мумкин аст”,- гуфтааст Бесараб.
Хулоса, тибқи қонуни нав шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд соҳиби шаҳрвандии Россия ва шиносномаи русӣ гарданд, бояд аввал худро дар комиссариати ҳарбӣ дар қайд гузоранд. Бидуни қайди ҳарбӣ минбаъд гирифтани шиносномаи Россия имкон надорад. Агар шумо соҳиби шаҳрвандии Федератсияи Россия ва шиносномаи русӣ гаштан хоҳед, маҷбуред, ки аввал худро дар комиссариати ҳарбӣ дар қайд гузоред. Пас аз гирифтани шаносномаи русӣ шахсони дар қайди ҳарбӣ бударо ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия даъват мекунанд.