Мунтахаби Тоҷикистон дарвозаи Тимори Шарқиро голборон кард
19.11.2025
Oila.tj
79

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” дар сафар бар Тимори Шарқӣ пирӯз шуд. Ин бозӣ 18-уми ноябр дар варзишгоҳи Лигаи регбии Дарвин баргузор шуда, бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт.

Аз ҳайати тими мо Шервонӣ Мабатшоев ду гол зада, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев якголии дигарро марбути номи худ карданд.

Ин сеюмин бозии дастаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббии сербӣ Горан Стеванович аст. Тими мо қаблан дар ду бозии аввали худ бо ҳисоби 2 бар 0 ва 3 бар 0 яккачини Малдивро мағлуб карда, имрӯз Тимори Шарқиро бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 шикаст дод.

Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми панҷ бозӣ дар гурӯҳи “А” мунтахаби Тоҷикистон бо 13 имтиёз дар зинаи аввал аст.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Филиппин рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин дидор 31-уми марти соли 2026 дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД