Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ғолиб гардид
02.04.2026
Oila.tj
50

Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар мусобиқаи байналмилалии «The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026», ки дар Ҳиндустон баргузор шуд, ғолиб гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар даври ниҳоӣ дастаи мо бо ҳамтоёни худ аз Ҳиндустон рӯ ба рӯ шуд. Бозӣ дар варзишгоҳи «Golden Jubilee Stadium»-и Юпия доир гашта, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Тоҷикистон ба анҷом расид. Нимҳимоятгари «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Азизбек Ҳаитов ягона голи вохӯриро ба самар расонид.

Қаблан дар даври аввал дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон Бутанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда буд.

Ҳамин тариқ, бо ду пирӯзӣ дар ду бозӣ мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол карда, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД