goodwell
Мунтахаби наврасони Тоҷикистонро ба Ҷоми Осиё-2026 гусел карданд
24.04.2026
Oila.tj
47

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17)-ро ба Ҷоми Осиё-2026 гусел кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, пеш аз сафар ба АМА ноиби якуми президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов бо даста вохӯрда, аҳамияти мусобиқаи дарпешистодаро таъкид карданд ва ба имкониятҳои даста эътимод изҳор намуданд.

Дар ҷараёни суҳбати гарму самимӣ роҳбарияти ФФТ ба даста дар Ҷоми Осиё-2026, ки аз 5 то 22-юми май дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, дар роҳи муаррифии кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2026 муваффақият таманно намудааст.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Тайланд (5-уми май), Мянмар (9-уми май) ва Арабистони Саудӣ (12-уми май) рақобат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД