Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозиро бо Каледонияи Нав мусовӣ кард
24.10.2025
Oila.tj
110

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷинӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай бозии санҷишии якумро анҷом дод.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи мо дар аввал тибқи нақша бояд бо мунтахаби Замбия рӯ ба рӯ мегашт, аммо мушкилоти раводид ба тими африқоӣ монеъ шуд, ки сари вақт ба АМА ворид шавад.

Дар ниҳоят дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо Каледонияи Нав рақобат кард. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 ҷамъбаст гардид. Голро аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Назриев зад.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Чехия (5-уми ноябр), ИМА (8-уми ноябр) ва Буркина-Фасо (11-уми ноябр) бозӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозиро бо Каледонияи Нав мусовӣ кард
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси