Дар шаҳри Хуҷанд 2 ҷавонро барои авбошӣ ва кордзанӣ дастгир карданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст.
“Дар ҷараёти амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар дастгир шуд. Номбурда санаи 2-юми июли соли равон аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 22-солаи зодаи ноҳияи Восеъ ҷангу ҷанҷол намуда, дар рафти муноқиша рақибашро корд задааст. Ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад”,-навиштааст манбаъ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар шаҳри Хуҷанд боз як ҷавони 16-сола бо чунин иттиҳом дастгир шудааст. Ҳодиса шоми 7-уми июл, тахминан соатҳои 18:30 сар зада, ҷавони 16-сола дар ҳудуди Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи “Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ” бо ҷавони 17-солаи зодаи Кӯҳистони Мастчоҳ моҷаро намуда, ба синааш корд задааст. Ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона бурда шуда, нисбати ҷавони 16-сола бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.