Салом ба аҳли қалам ва хонандагони ҳафтавори «Оила». Ба сарам як мушкил омадааст, намедонам аз кӣ мадад пурсам. Зеро метарсам, ки мавриди мазоҳу масхараи пайвандонам қарор нагирам, хоса аз келину писараму домодҳоям шарм медорам.
Духтаронам ба ман хеле меҳрубонанду боварӣ дорам маро мефаҳманд. Охир мани соҳиби се фарзанд, ду духтару як писар домоду келину набераҳо, дар синни панҷовупанҷсолагӣ шавҳар кардам. Пинҳон аз ҳама, шояд шумо низ хонандаҳои азиз ба авҳолам механдед, вале хушбахтӣ хостан ба синну сол дахле надоштааст. Мани як умр чун мард бори зиндагӣ мекашида, худамро мушти пару зан эҳсос карда, баъди сӣ соли марги ҳамсарам шавҳар кардам. Аёми ҷавониҳо неву сари пириҳо…
Мусибат
Бо ҳамсарам аз рӯйи хоҳиши волидайнам хонадор шудам, ҷавони қоматбаланди зебои абрӯсиёҳ, хатмкардаи донишгоҳ, соҳиби кор дар пойтахт…
Аз ин хел домод кӣ ношукрӣ мекунад, падару модари ман дар интихоби домоду келин хеле эҳтиёткор буданд, вале ба хостгорони Азиз зуд розигӣ доданд. Хусурам агрономи совхоз буду ҳамроҳи падарам, ки сардори бригадаи пахтакорӣ буд, зуд-зуд ба хона меомад. Ӯ аз деҳаи ҳамсоя буд, вале занаш дар ҳама маъракаҳои мо меомад ва онҳо маро барои писарашон таги чашм карда будаанд. Инро баъдтар аз забони хушдоманам шунида будам. Ман чор бародари хонадор ва як хоҳар доштам. Модарам ба ману хоҳарам тамоми кору бори рӯзгорро омӯхта буд. «Дӯзандагию пазандагию тозарӯзгорӣ вазифаи ҳар як зан аст»,- мегуфт доим модарам. Мо пандҳои модари порсою меҳнатиямонро ба гӯш ҳалқа карда, ҳеҷ гоҳ нигоҳ карда наменишастем, ки янгаҳоямон ҳастанду мо кор накунем. Баробари онҳо меҷунбидем, ҳамин сарпастиямон моро пеши янгаҳо азиз карда буду онҳо моро мисли хоҳарони худашон дӯст медоштанд. Хулоса, ману Азизро фотеҳа карданду баъди гузаронидани маъракаҳои пеш аз тӯй, ки он вақтҳо роиҷ буданд, тӯямон баргузор гашт. Азиз писари калонии хонаводаашон буд ва ду додаршӯю се хоҳаршӯям маро аз рӯзи аввал дӯст доштанд. Ман низ ба онҳо чун хоҳару додари худам меҳр мондам…
Ишқ аз нигоҳи аввал
Ростӣ, ман касеро дӯст надошта будаму ишқро афсона мепиндоштам ва аз нигоҳи аввал ба шавҳарам ошиқ шудам. Дар мо як расмест, ки дар таги чодар дар оина арӯсро ба домод ва домодро ба арӯс нишон медиҳанд. Чун хушдоманам оинаро дошту ман ба он нигоҳ кардам, ҷавони зебои абрӯсиёҳе бо ханда ба ман менигарист ва аз ин нигоҳ дар дилам оташе афтид. Зиндагии мо бисёр ширин оғоз ёфт, Азиз низ маро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт. Як моҳи рухсатии шавҳарам ба охир расиду ӯ ба пойтахт баргашт. Вақти хайрухуш ман гиристам, ӯ маро ба оғӯш кашида гуфт:
-Зайнабҷон, маслиҳат ҳамин, то зан гирифтани додарам ту бо падару модарам ҳамин ҷо мемонӣ, ман ҳар гоҳе вақт ёфтам, омада меравам. Баъд туро ба шаҳр мебарам, маслиҳат ҳамин азизам, ту духтари бофаҳмӣ ва маро мефаҳмӣ, ҳеҷ гоҳ ба хаёлҳои беҳуда дода нашав, ман як тораи мӯйи туро ба ҳазор олиҳаи ҳусн иваз намекунам.
Мо дар аҳдамон содиқ мондем, ман дар хизмати хусуру хушдомани меҳрубонам будам то вақти зан гирифтани ҳеварам. Ба хона арӯс фаровардему баъди чор моҳ, хусурам дар як канори шаҳр ҳавличаи хушсохти як яҳудиро харида, ба мо доду Азиз ману духтаракамро бо худ ба Душанбе овард.
Шаҳри азим
Шавҳарам рӯзи дароз дар кор буду ман дар хона. Боре келини ҳамсояи дар ба деворамон, ки гоҳ-гоҳе наздам гузашта, бо ман сӯҳбат мекард, дар омади гап гуфт, ки дузандааш бемор шудаасту акнун маҷбур аст ба тӯйи хоҳараш бо куртаи кӯҳнааш равад. Ман гуфтам биё ман куртаатро дӯзам, ӯ нобоварона ба ман нигариста пурсид:
-Метавонӣ?
Ман бо шухӣ гуфтам, ки як вақтҳо метавонистам…
Ҳамин тавр, оғоз шуд фаъолияти дӯзандагии ман. Фармоишҳо зиёд шуданду пули хуб ҳам меёфтам. Азиз инро дида, бароям мошинаи ҳамон вақтҳо хеле машҳури «Чайка» харид. Якҷоя бо шавҳарам пули ёфтаамонро дар ободонии ҳавлиямон мезадем ва дар муддати чор-панҷ сол хеле пеш рафтем. Соҳиби як духтару як писари дигар ҳам шудам. Кӯдаконамро нигоҳубин мекардаму дар вақтҳои бекорӣ ба дӯзандагӣ машғул мешудам. Волидайнамон аз барори кори мо хурсанд буданд, зеро мо зиндагии хубу шоиста доштем ва Азиз ҳам дар зинаҳои мансаб боло мерафт, аммо чашми бад расид ба ин зиндагии зебо…
Фоҷиа
Як рӯзи истироҳатӣ Азиз гуфт, ки ҳамроҳи ҷӯраҳояш ба оббозӣ меравад, дилам ким чӣ хел ғубор дошт, вале нарав нагуфтам. Бечора истироҳати хуб ҳам намекард, вале ҳамон бегоҳ ҷасади ба хун оғӯштаи ҳамсарамро ба хона оварданд. Азиз аз болои пул ба об мепараду сараш ба санге бархӯрда, ҷо ба ҷо ҳалок мешавад. Ҳоли маро худам медонаму Худо…
Ҷасади ҳамсарамро ба деҳа бурда гӯрондем, волидонам гуфтанд, ки хонаро фурӯхта, ба қишлоқ биёям, аммо ман нахостам ва хусуру хушдоманам аз ман пуштибонӣ карданд. Ҳамин тавр, тани танҳо бори зиндагии се фарзанди кӯчакро мекашидам, бо нӯги сӯзан онҳоро ба воя расонидам. Хусуру хушдоманаму падару модарам то зинда буданашон бо навбат омада, моро ҳамроҳӣ мекарданд. Хусурум борҳо дар пинҳониҳо гуфту буд, ки шавҳар кун, аммо ман ба хотири рӯҳи Азиз то охири умр шавҳар намекунам гуфтам. Куфр гуфта будам…
Бо маслиҳати яке аз мизоҷонам, ки зани як вазир буд, дар наздикии хонаам биное сохта, онро ба сехи дӯзандагӣ, баъдтар дар паҳлӯи он мағозаву кошонаи ҳусн сохтам ва тиҷоратам пеш рафт. Аввал духтаронамро ба шавҳар додам, духтари калониямро ҳамон мизоҷам келин гирифт. Дувумиро низ дар як оилаи хуб ба шавҳар додам, барои писарам аз деҳа духтари амакашро келин кардам ва нафаси осуда кашидам. Ман фақат тиҷоратамро ӯҳда мекардаму халос, писарам дар бонке ифои вазифа мекунад. Дар тиҷорат асосан келинам ёвару мададгорам аст. Зиндагии орому осудаи маро ҳамин ишқи сари пириҳо омада дигар кард…
Вохӯрӣ дар осоишгоҳ
Ҳар тобистон ба осоишгоҳе рафта истироҳат мекунам, панҷ сол пеш писарам маро ба яке аз осоишгоҳҳои соҳили Баҳри Сиёҳ фиристод. Ҳар бегоҳ ба соҳили баҳр мерафтам ва ғуруби офтобро тамошо мекардам. Ман дар ҳамон ҷо ҳам либоси миллӣ мепӯшидам. Намедонам рӯзи сеюм ё чоруми истироҳатам буд, ки як мард омада, ба паҳлӯям нишаста гуфт:
-Салом ҳамшаҳр! Имрӯз рӯзи охирини истироҳатам аст, аз дур шуморо дидаму дилам ба ёди Ватан гум зад. Ростӣ, ин ҷо тоҷикон ҳастанд, аммо либоси миллӣ намепӯшанд… Шумо бошед…. Қанд занед! Бо Саид ҳамон ҷо шинос шудем ва ӯ боз понздаҳ рӯзи дигар истироҳаташро дароз кард ва мо қариб ҳар рӯз як ҷо будем. Ман ӯро ака мегуфтам, ӯ маро бону…
Баъд аз қисмати якдигар огаҳ гаштем, ҳамсари ӯ низ чор сол қабл аз бемории саратон фавтида будааст. Саид панҷову панҷ сол дошт ва тоҷир буд, ду писараш дар ин кор ҳамдаму ёвараш будаанд. Мо якҷоя ба Ватан баргаштем, чун дар Ватан вохӯрдем, Саид ба ман изҳори ишқ кард. Ман панҷ сол неву нестон карда гаштам, вале вақте ӯ бо ман хайрухуш карда гуфт, ки “майлаш, дигар ташвишат намедиҳам, маро фаромӯш кун”, зор-зор гиристам. Ва бори аввал ӯ маро ба оғӯш кашид, он замон фаҳмидам, ки аз мард будан хаста шудааму дилам зан будан мехоҳад. Ин ҷо гап дар бораи шаҳват намеравад. Ҳамин хел мешудааст, ки зан аз нерӯманд будан хаста мешудааст. Мо маслиҳат карда, пинҳонӣ аз фарзандонамон никоҳ кардем, ҳарчанд писарони Саид зид набуданд. Шаш моҳ боз мо пинҳонӣ дар хонае, ки Саид барои ҳардуямон харидааст, вомехӯрем, як, ду, зиёдаш чор соат…
Намедонам инро чӣ хел ба фарзандону пайвандонам бигӯям, онҳо маро чӣ хел мефаҳмида бошанд?
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед….
Зайнаб
Таснифи Дилошӯб