Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошкент
64

Зимни мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки санаи 16-уми ноябр дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, масъалаи рушди робитаҳои кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар баробари раҳбарони 5 кишвари минтақа, ҳамчунин Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон низ ширкат варзид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин ҷаласа таъкид намуданд, ки Осиёи Марказӣ бо иқтидори назаррас маркази рушди тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ мебошад. Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул ва як маркази байналмилалии инноватсия ва маориф таъсис дода шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД