Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери, ки аз Ҷумҳурии Италия ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, мулоқот намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаб Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба дастовардҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг маълумот додааст.
Операсароёни итолиёвӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери изҳор доштаанд, ки бори аввал ба Тоҷикистон омада, аз меҳмоннавозии мардум, зебоии табиат, маконҳои таърихӣ ва махсусан аз шукӯҳи дарёи Сир таассуроти амиқ гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Стефания Мурино ва Фабио Каррери бо мақсади иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ба вилояти Суғд омада, дар барномаи фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва итолиёвӣ ҳунарнамоӣ намуданд.