arzon replenishment
Мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар Ҷопон
205

Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 30 ноябр дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ бо ҷавонон Қобилҷон Хушвақтзода оид ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илму маориф, таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани наслҳои ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ суҳбат намуда, таъкид кард, ки бо шарофати Истиқлолии давлатӣ ва заҳмату талошҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дипломатӣ дар доираи сиёсати «дарҳои боз» бо тамоми давлатҳои ҷаҳон рушду густариш ёфтааст ва имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар бонуфузтарин донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ таҳсил менамоянд.

«Бояд донишҷӯён аз имконияти мавҷуда самаранок истифода бурда, дониши худро сайқал диҳанд ва дар оянда ба Ватан баргашта, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат саҳми арзишманд гузоранд»,- гуфт Хушвақтзода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД