tobiston
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон
10.06.2025
Oila.tj
109

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардидааст.

Дар оғози суҳбат Эммануэл Макрон ба Президенти кишвари мо барои қабули даъват ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии Нитса арзи сипос намуда, нақши пешвоии Тоҷикистонро дар умури ҷаҳонии обу иқлим махсус таъкид кардааст.

Президенти Фаронса, ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистонро бо баргузории бомуваффақияти нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе табрику таҳният гуфтааст.

Дар идома ҷонибҳо ба рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя ва технология, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд.

Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву башарӣ, илму маориф ва сайёҳӣ зарур шумурда шудааст.

Ҳамкорӣ дар масоили тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои таъсири он ба муҳити зист, аз ҷумла дар чаҳорчӯби “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ”, солҳои 2025-2034 аз мавзуоти муҳими суҳбат будааст.

Дар фароварди суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон даъват намудаанд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД