Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ҷараёни баргузории озмун шинос шуд.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат бо шароити толорҳо ва ҷараёни озмун шинос шуда, бо ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва падару модарон оид ба шаффофият ва риояи адолат дар баҳогузорӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва китобхонӣ суҳбат намуд.
Дилрабо Мансурӣ мақсади баргузории озмуни мазкурро, ки инак соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, бори дигар ба ҳозирин фаҳмонда, аз ҷумла иброз дошт, ки бо мусоидати омӯзгорон ва падару модарон сафи иштирокчиёни озмун сол то сол меафзояд.
Ҳакамони озмун ва падару модарон пешниҳоду дарҳостҳояшонро барои боз ҳам беҳтар гузаштани ин озмун ба муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баён намуданд.