Салим пас аз рӯзи пурмашаққати корӣ, хаставу ланҷ ба хона баргашт. Асабҳояш хароб гашта буданд, дар сохтмон бо саркор гапаш гурехт, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дар бозгашт борон либосҳояшро тап-тар карда, кайфашро тамоман паронд. Ӯ чунон асабонӣ буд, ки мехост сари ҳама дод занад, дари хонаро сахт пӯшад ва танҳо бошад.
Хоҳараш Гулноз, ки ҳанӯз мактабхон буд, давида ба пешвозаш баромад. Салим бо қошу кавоки овезон аз наздаш гузашт ва ҳатто ассаломашро дуруст ҷавоб надод. Рафта дар кунҷи хона, назди печкаи аловӣ нишаст.
Гулноз лаҳзае шах шуда монд, баъд оҳиста ба ошхона рафт. Пас аз даҳ дақиқа бо як табақчаи хурд, ки дар он ду дона қанд ва як пиёла чойи гарми кабуд буд, наздаш омад.
— Акоҷон, чой хӯред, гарм мешавед, гуфт ӯ бо овози паст ва тарсу ваҳм, ки мабодо бародар боз ҷанг накунад.
Салим пиёларо гирифт. Дастони хоҳарашро дид, ки аз шустани зарфҳо дар оби хунук андаке сурх шуда буданд. Нигоҳаш ба чеҳраи Гулноз афтод, ки бо чӣ қадар меҳру эҳтиром ба ӯ менигарист. Тамоми хашму хастагии Салим гӯё бо бухори чой парида рафт.
— Бубахш, Гулнозҷон, имрӯз каме асабӣ будам, гуфт Салим ва аз кисааш як шоколадеро, ки барои худаш гирифта буд, бароварда ба ӯ дод.
Гулноз шукуфт:
— Ҳеҷ гап не, акоҷон. Шумо, ки бошед, мо хотирҷамъем. Модар ҳамеша мегӯяд, ки сояи бародар давлати хоҳар аст.
Эҳтиром на танҳо дар тӯҳфаҳои қиммат, балки дар ҳамин пиёлаи чой ва дарки ҳолати якдигар аст.
Эҳтироми хоҳар ба бародар қувват мебахшад ва меҳри бародар ба хоҳар эътимод ба худ.
Дар ин дунёи пурғалғала, ки ҳар кас дар фикри хеш аст, хоҳару апа пас аз модар ягона фариштаест, ки барои ту бе тамаъ дуо мекунад. Эҳтироми ӯро ба ҷо ор, то баракати Худо аз хонадони ту наравад.
Шаҳлои НАҶМИДДИН