Arzon march 2024
Муъҷиза дар моҳи Рамазон Қисми 2
1496

Аслан домулло Баҳриддин ҳеҷ гоҳ аз духтарони моҳпайкараш ношукрӣ намекард ва онҳоро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошту ниҳоят падари меҳрубон буд, вале холаи Аҳлинисо ва духтаронаш сари ҷонамоз соатҳо ашк рехта, аз Худованд таманнои асои пирии падарашонро мекарданд.

Чор домод чун писарҳо дар хизмати хусур буданду вақте духтари калонияш Бибимарям писари дуввумашро ба дунё овард, қудоҳояш тифли парпечро гирифта, ба хонаи домулло оварданд.

–Домулло, мо ба хулосае омадем, ки набераатонро аз ҳамин рӯз ба шумо бахшему ӯро чун писар қабул намоед,-гуфт хусури духтараш усто Имрон. Домулло тифли сӯяш дароз намудаи қудояшро рӯи даст гирифта бӯсид ва духтарашро ҷеғ зада, писаракашро рӯи дастонаш монда гуфт:

-Бибимарями азиз, раҳмат, ман аз ту миннатдор, аммо ҳаргиз намехоҳам, ки тифли ширмаки туро аз банди пистонат канда гирам. Набераи ман, ки бошад, чӣ фарқ дорад дар хонаи ту калон мешавад ё дар хонаи ман? Писарат ба худат насиб кунад духтарам, оё ту ягон бор аз забони ман калимаи ношукриро шунидаӣ? Ман аз Худованди худ шукргузорам, ки бароям нуҳ духтари нозанинро ҳадя намудааст, духтар низ фарзанд аст, Худо аз безуриётӣ нигаҳ дорад!

Пас аз шунидани ин суханҳо мардуми ҷамъомада боз як бори дигар ба раҳму шафқати ин марди доно қоил шуданд.

Пас аз чанд рӯзи ин воқеа раиси ҷамоат Домуллоро ба хонааш даъват намуда, илтимос кард, ки хоҳарашро дуо хонад.

-Бечора хоҳарам, шавҳараш бо ду кӯдакаш зери тарма монда ҳалок шуданду аз тарс як бари рӯяш кашудааст, охир ӯ ҳамагӣ бисту ду сол дорад, ҳамсарам мегӯянд, ки даму нафаси домулло ҳар дардро даво мебахшад, аз ин рӯ, ба шумо муроҷиат кардам,- хастаҳолона нақл кард раиси ҷамоат Исроил.

Домулло гапи раисро рад накарда, се рӯз хоҳари раис Хайринисоро қасидаи бурида хонд ва бо гузаштани як ҳафта бемор шифо ёфт. Пас аз шифо ёфтани хоҳараш раис гусфанд кушта, домуллоро ба меҳмонӣ хонд ва байни мардум эълон дошт, ки агар домулло Баҳриддин розӣ шавад, хоҳарашро ба никоҳи ӯ медарорад, аммо ӯ инро рад кард.

Пас аз чанд рӯзи ин зиёфат Хайринисо худаш сари замини навкорами Домулло рафта, рӯирост ба мард талабгор буданашро гуфт:

-Домулло, ба ҳоли ман нахандед, шавҳарам Худо раҳматаш кунад, марди афюнии дағал ва ҷоҳиле буд, ҳамон рӯзи фалокат ҳам кӯдакони хурдсоламро “ба ман ёрӣ мерасонед” гӯён, ба ҷангал ҳезумчинӣ бурд ва дар бозгашт зери тарма монданд. Ман дар ҳамон се рӯзи ба ман дуо хонданатон шуморо дӯст доштам, хонаву дари обод дорам, фақат маро ба никоҳатон дароред шуд, шояд аз ман писар шавад.

Домулло Баҳриддин ба рӯйи сафеди зебо ва рухсораҳои лолагуни Хайринисо назар дӯхту чунин посух дод:

-Духтарам, ту ҳамсинну соли духтари калонии ман астӣ ва ман зани дигар ҳам гирифтанӣ нестам, писарро бошад, Худо медиҳад. Илтимос, бахтатонро аз дигар ҷо ҷӯё шавед, ман ба даргоҳи парвардигор дуо мекунам, ки дари бахтатонро кушода гардонад…

Пас аз чанд моҳ нишонаҳои боз ҳомиладор будани Аҳлинисо падид омаданду нуҳ духтар шабу рӯз аз Худо илтиҷо мекарданд, ки ба онҳо додараке ҳадя намояд. Чун бибиотунро дарди зодан гирифт, моҳи Рамазон буд, духтаронаш ҳама ҷамъ омаданду момодояи деҳа кампири Гулҷонро ҷеғ зада оварданд. Пас аз адои намози шом дар хонадони домулло Баҳриддин овози гиряи тифл чун садои зиндагӣ танин андохт, момодоя саросема тифлакро тагу рӯ карда дид, ки духтар… Кампири Гулҷон бо ҳамсоязан Саидамоҳ, ки ба ӯ ёрӣ мерасонд, тифлакро шӯста парпеч намуданду ба бағали модараш монданд. Аҳлинисо ба тифлаш сина медоду оби чашм рӯяшро мешуст, духтаронаш дар хонаи дигар гӯё мусибате рӯй дода бошад, мегиристанду даст ба сӯи осмонҳо гӯё бо Худо мунозира мекарданд.

- Худоҷон, наход оҳи мо ба гӯши ту нарасид, наход…

-Шукри Худо, -овози Бибимарями гирёнро бурид овози марғуладори падар.\

Домулло вориди чиллахона шуда, дар гӯши тифли навзод азон доду духтаронашро сарзаниш кард, ки қаҳри Худоро наоранд.

-Чӣ хубе, боз соҳиби як хоҳарак шудед, духтар синаи раҳм асту ба волидон аз писар дида, зиёдтар меҳрубон мешавад. Вақте дар хонае духтар тавлид меёбад, чил рӯз дар гирди он фариштаҳо мегарданд,- бо шодмонӣ насиҳат кард духтарони гирёнашро Домулло ва аз хона бадар рафт.

Бо рафтани падар духтарон ҳамагӣ таҳорат карда, намози шукрона хонданд, вале боз сари ҷонамоз беихтиёр ашкашон равон мегашт. Нимае аз шаб гузашту навзод гиряи талхе кард. Кампири Гулҷон парида хесту чароғро наздик оварда, хост парпечи кӯдакро иваз намояд, вале дар парпеч писарча мехобид. Кампир бо овози баланд “дар қудратат мурам, Парвардигорам” гӯён, фарёд зад, духтарони домулло аз хонаи шафат садоро шунида, назди модарашон даромаданд ва аз дидани ин муъҷизаи Худовандӣ дар ҷояшон шах шуданд. Хусусан Бибимарям талх гиря мекард, охир ӯ шахсан даҳ бор кӯдакро аз назар гузаронида, то дасту пойҳояшро санҷида дида буд.

Домулло Баҳриддин ба писараш Лутфиаллоҳ ном гузошт, зеро Худо ин гуна лутфро танҳо ба бандаҳои хосаш муносиб медонад ва дар моҳи иҷобати дуоҳо…

                     Нисо Холид                                    

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шахноза 2023-04-09, 23:37
92 744 20 21 барои кумак кардан касе ёр мекнад дахами ракамом занг занад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шахноза 2023-04-09, 23:37
92 744 20 21 барои кумак кардан касе ёр мекнад дахами ракамом занг занад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД