Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигор ва роҳбари театр-студияи “Хандинкамон” имрӯз ҷашни зодрӯз дорад.
Муқимҷон Абдуфаттоев 18-уми декабри соли 1974 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, Техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, Донишгоҳи олии техникии саноати хӯрокворӣ ва шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро хатм намудааст.
Писари ҳаҷвнигор Абдуҳаким Абдуфаттоев зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, падараш Муқимҷон барои гузаронидани як чорабинӣ ба шаҳри Москва сафар карда, зодрӯзашро дар онҷо ҷашн мегиранд.
“Санаи 20-уми декабр боз ба Тоҷикистон бармегардан”- гуфт писари ҳаҷвнигор.
Барои ин ҳунарманд имсол соли пурбарор буд. Муқимҷон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон консертҳои ҳаҷвии худро баргузор кард. Ҳаёти оилавии ҳунарманд низ пурбаракат буд, Муқомҷон имсол бори сеюм бобо шуд.
Ёдрас мешавем, ки Муқимҷон Абдуфаттоев соҳиби оилаи обод буда, ҳамсараш Шарифахон Абдуфаттоева, дӯзанда мебошад.
Ин оилаи хушбахт соҳиби 4 фарзанд - 2 писару 2 духтар бо номҳои Абдуҳаким, Шукрона, Шаҳноза ва Муслиманд.