arzon replenishment
Муқимҷон Абдуфаттоев бобо шуд
2040

Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигор ва роҳбари театр-студияи “Хандинкамон”, бобо шуд.

Ин хабарро яке аз мухлисони ҳунарманд ба хабарнигори сомона расонида, хост, дурустиашро санҷем. Ҳаҷвнигор зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, дар маърака буд, ки ин хушхабарро фаҳмид.

“Ман дар як маърака, дар хизмати мардум будам, ки аз ҳамсарам паём омад, ки соҳиби набера шудем. Аз таваллуди набера хеле хушҳол шудам, аммо сараввал ҳоли келинро пурсон шудам, чун он нафар аллакай духтари хонадони мост”, - гуфт Муқимҷон.

Ба баёни ҳаҷвнигор, дар ин маърака ӯ соҳибтуйро табрик карду соҳибтуй Муқимҷонро ва ин маърака боз ҳам хурсандиовартар шуд.

Ҳунарманд гуфт, ин сеюм набера аз дуюм фарзандаш аст. Меҳмони хонадонашон духтари писараш Абдуҳаким аст.

Муқимҷон Абдуфаттоев 18 декабри соли 1974 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, Техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, Донишгоҳи олии техникии саноати хӯрокворӣ ва шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро хатм намудааст.

Ҳамсараш Шарифахон Абдуфаттоева, дӯзанда буда, соли 1975 дар шаҳраки Нефтобод таваллуд шудааст. Онҳо волидайни 4 фарзанд - 2 писару 2 духтар: Абдуҳаким, Шукрона, Шаҳноза ва Муслиманд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД