Arzon march 2024
Муфтии Тоҷикистон: Қирғизҳо барои ҳар қатра хуни рехтаашон дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд!
1174


Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни қирғизро ба масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро маҳкум карда, онро як амали золимона унвон намудааст.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

“Золим ноком ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид тир холӣ мекунад ва ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони силоҳдори равона ба ҷанг. Ин одамон бо мақсаде ба масҷид рафта буданд, ки парвардигорашонро саҷда кунанд ва бо шукргузорӣ барои пойдории сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистон дуо намоянд”, - иброз доштааст раиси Шӯрои уламои кишвар.
Саидмиукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, низомиёни қирғиз мӯйсафедони солхӯрдаеро, ки барои ибодат ба масҷид рафта буданд, қатл карданд. Магар ин ваҳшоният нест? Аз ин рафтори онҳо инсон дар ҳайрат мемонад. Ақл куҷост? Шарофат ва нангу номус куҷо шуд? Бояд, ки шахси мусалмон ҳамеша аз рӯи ақлу хирад ва дурандешона амалу рафтор намояд...
Раиси Шӯрои уламо иброз доштааст, ки ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ гуноҳи азим ва нобахшиданист.
"Ин таҷовуз аст, ин зӯроварист, ки одамонро барои Ватанашон, барои хонаву дарашон омада мепаронанд. Онҳое, ки хуни ноҳақ рехтаанд, барои ҳар қатраи он хун дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд, зеро Худовандаи азза ва ҷалла бегуноҳ ба қатл расонидани инсонҳоро намебахшад,”-гуфтааст Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Ёдовар мешавем, ки 16-уми сентябр нерӯҳои низомии Қирғизистон бинои масҷиди ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамла қарор доданд ва дар натиҷа 12 нафар сокини осоиштаи барои намозгузорӣ омада ба ҳалокат расиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД