Муфтии Тоҷикистон дар ҷанозаи Қобилҷони ноком иштирок кард
735

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон имрӯз дар намози ҷанозаи писарбачаи 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев, ки рӯзи 16-уми декабр дар мактаби ба номи Успенскийи шаҳраки Горкийи округи Одинсовои вилояти Маскав ба дасти як навраси миллатгарои рус ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуд, иштирок намудааст.

Ҷисми беҷони Қобилҷони нокомро субҳи имрӯз, 18-уми декабр аз Русия ба Ватан оварданд. Ҷанозаи ин тифли шаҳид дар зодгоҳаш, деҳаи Аҷами ҷамоати Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав баргузор гашта, Қобилҷонро дар гӯристони ҳамин деҳа ба хок супурданд.

Ёдрас мешавем, ки мақомоти тафтишотии Русия нисбати гумонбар Тимофей К., навраси 15-солаи рус, ки аз ҳиссиёти миллатгароӣ ва нафрат ба яҳудиён ва мусалмонон бо корд мусаллаҳ гашта, ба мактаби Успенский омада, посбонро захмӣ намуда, хонандаи синфи 4-и ҳамин мактаб Қобилҷон Алиеви 10-соларо бераҳмона кордборон намудааст, бо иттиҳоми куштор ва сӯйқасд ба куштор бо моддаҳои 105 ва 30-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД