Arzon march 2024
Муфтии мусулмонони Россия: Аз мушкилоти муҳоҷирон хайп насозед!
782

Муфтии мусулмонони Россия:
Аз мушкилоти муҳоҷирон хайп насозед!
Муфтии мусалмонони Россия ба муқобили ҳангомасозиҳои васоити ахбори оммаи рус дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ баромад карда, гуфтааст, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бояд давлат машғул шавад, на ВАО.

Альбир Крганов, муфтии масҷиди марказии мусалмонони Россия дар мизи мудаввар дар Палатаи ҷамъиятӣ ба муқобили ҳангомасозиҳои васоити ахбори оммаи рус дар боби муҳоҷирони меҳнатӣ баромад карда, гуфтааст, масъалаҳои марбут ба муҳоҷират ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ бояд танҳо дар доираи коршиносон ба миён гузошта шуда, ба ҳалли мушкилоти муҳоҷират давлат машғул шавад.

“Шарт нест, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро ба майдони баҳси оммавӣ табдил дода, аз мушкилоти муҳоҷирон ҳар рӯз як ҳангомаи нав барпо кунем. Масъалаи муҳоҷиронро дар доираи коршиносони соҳаи муҳоҷират танҳо бо он шахсоне, ки ҳамарӯза дар ҳамин самт кор мекунанд, ба миён гузошта, роҳҳи ҳалли масъалаҳои мубрами муҳоҷирати меҳнатиро пайдо кардан лозим аст. Коршиносон бе маводҳои пурҳангомаи васоити ахбори омма ҳам вазъиятро хуб медонанд. Аз мушкили муҳоҷирон хайп сохтан шарт нест!”-навиштааст ТАСС аз забони муфтии мусалмонони Россия.

Альбир Крганов таъкид намудааст, ки танзими раванди муҳоҷират вазифаи бевоситаи давлат аст ва намояндагони мақомотҳои давлатӣ бояд худашон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои доғи муҳоҷирати меҳнатӣ пешниҳодҳои мушаххас намоянд.
“Ҳар як қадами хешро дар мизони ақл баркашида, баъд гузоштан лозим аст, чунки ҳалли масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ кори осон нест”-гуфтааст муфтии мусалмонони Россия Альбир Крганов.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД