arzon replenishment
МУБИНА НОМ ДУХТАР ДОРАМ, НАГӮЙ, ПАДАР!
02.09.2020
Р. Азимӣ
5586

 

«Ман ба шумо гуфта будам, ки падарам заррае ба мо меҳр надорад. Гуфта будам, ки аз падарам дида одами бадтар дар дунё нест, очаҷон. Чаро ба гапам бовар накардед?” гириста мегуфт хоҳарам Манижа.

Ману бародарам Умед ҳанӯз ба чашму гӯши худ бовар намекардем. Боварамон намеомад, ки дар ҳақиқат падарамон модарамонро дар синни 50 солагӣ се талоқ дод ва оилаамон вайрону мо, се фарзанд зиндаятим гаштем. Манижа мушт ба девор зада, ҳамоно мегирист. Ман, ки ба қавле духтари эркаи дадаам будам, сарамро ба кафи дастонам дошта ба хонаи дигар ба назди падарам рафтам ва дар пешаш дузону нишаста пурсидам: Дада, рост аст, ки шумо очаамро…

-Рост аст, се талоқаш кардам!

Ин сухани падар тири сӯзоне буд, ки беамон ба синаам халид. Ниммурдаю нимзинда, беҳолу бемадор аз ҷоям бархостам ва рост ба чашмони марде, ки то имрӯз падараш мехондам, нигариста бо нафрат дод задам:

-Садқаи зану фарзанд шавӣ, номарди алкаш! Хаёл мекунӣ, ки акнун ягон зани ҷавон гирифта, кайфу сафо карда мегардӣ? Хестӣ, ки хобӣ, бо ин аҳвол бо ту зан он тараф истад, ягон саг ҳам зиндагӣ намекунад!

Дигар тоқати ҳатто як лаҳза дар ин хона мондан надоштам, рӯямро аз падарам гардондам ва ба дару девори фарсудаи хонааш туф карда, ҳамроҳи модари гирён ва хоҳару додаракам аз дар баромадам. Раҳораҳ гузаштаи талхамон мисли навори кино аз пеши чашмам мегузашт. Падарам як марди майзада, аз рӯзе, ки худро ёд дорам, вай шароб менӯшиду дар кӯчаҳо ба гуфти халқ маймунбозӣ карда мегашт. Бечора модарам ҷонбезор шуда буд аз дасти шавҳари бадмаст, вале ҳар гоҳ лаб ба шиква кушояд, мани падардӯстдор тарафи дадои бадмастамонро гирифта мегуфтам: «Ба падарам гапи сахте нагӯед, ҳар чи ҳам бошад, вай шавҳари шумо ва сутуни хонадони мост. Биҳишти зан дар кафи пойи мард аст гуфтаанд, инро фаромӯш накунед оча!»

Акнун, вақте ки ин марди номард бо дасти худ сутуни хонадонамонро шикаст, чашмонам кушода шуданд ва симои аслии падарамро дидам. Пештар шояд сад бор шабу нимашаб ҷонамро дар хатар гузошта падари масту лайлоямро аз даруни ҷӯю хоктӯдаҳо ёфта оварда бошам, вале бо ин ҳама пастиҳояш ба номардиаш бовар надоштам. Гумон доштам, ки рӯзе падарам тарки одати бад мекунад ва мардона лаҷоми зиндагиро ба даст мегирад. Либосҳои мисли ҷули хар ба хок оғуштаашро шабошаб шуста дарзмол мекардам, то касе нагӯяд, ки падари фалонӣ девонаҳо барин чиркину баднамуд мегардад. Умедвор будам, бале умедвор будам, ки падарам ягон рӯз одами хуб мешавад, аммо ба ҷойи одам шудан падарам торафт аз кӯчаи одамгарӣ баромада даст ба дуздӣ зад. Моли бегонаро не, зару зевари духтари худашро дуздид падарам.

Хоҳарам барои тилловориҳояш зор-зор гиря карда хост ба милиса муроҷиат намояд, вале боз мани аҳмақ сади роҳаш гашта гуфтам: «Ин корро накун хоҳарҷон, айб аст. Касе фаҳмад, ба ҳолат хандида мегӯяд, ки Манижа падари худашро ба суд додааст.» Модарам ҳам сухани маро тасдиқ намуд ва мо ҳама ба лаб муҳри хомӯшӣ зада чӣ тавр пули тилловориҳои хоҳарамро сарфи шароб намудани падари бадмастамро бо чашмони пуроб тамошо кардем. Подоши он ҳама бахшиданҳоямон ҳамин шуд, ки оқибат падари майзадаю фарзандбезорам модари чун санг сабури моро се талоқ дод. Дилам кулбори ғам гаштааст, аз ин хотир мехоҳам аз минбари «Оила» ба падарам бигӯям:

-Дигар ҷоятро танг намекунем, метавонӣ орому осуда зиндагӣ кунӣ. Дигар касе маломатат намекунад, ки чаро шароб нӯшида омадӣ. Акнун худат шоҳ ҳастию табъат вазир, дилат чӣ коре, ки мехоҳад кардан гир, фақат як чизро фаромӯш накун-акнун мову ту бо ҳамдигар бегонаем, тавре ки мегӯянд, Мӯсо ҳам ба роҳи худу Исо ҳам. Дигар фарзанд дорам нагӯй, падар!

Мубина, ш. Турсунзода

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД