arzon replenishment
Муҷассамаи Рӯдакиро дар Рӯзи Рӯдакӣ пайдо карданд
515

“Тоҷикон, ҳамин хел кардан мумкин аст, Рӯкиамонро? Ягон харидор надорад, ягон пуштибон надорад. Чунки барои сохмони он пули давлат насӯхтаст. Ёдатон бошад, барои сохтани муҷасама аз мардум пул ҷамъ карда сохтаанд. Бинед, ӯро ба ин аҳол оварда партофтанд. Инро бояд ба майдони Рӯдакӣ гузорем.”

 

Ин гуфтор аз наворе, ки дар назди муҷассамаи 14 сол қабл гумшудаи Шуарои бузург Рӯдакӣ дар Самарқанд сабт шудааст. Баъз аз кофтуковҳои тӯлонии равшанфикрон ва озодандешони Самарқанд онро дар Самарқанд пайдо карданд. шуд.

Соли 2009 бо сабабҳои номаълум муҷассамаи боҳашами устод Рӯдакиро бе ягон шарҳу шабона аз майдони Регистон барканданд, ки ҳамон замон боиси норозигӣ ва мушаввашхотирии мардуми Самарқанд гашта буд. Ба хотири паст кардани ғазаби халқ дар боғи истироҳатии шаҳр нимтанаи гачии устод Рӯдакиро барафрохтанд, ки номаш навишта нашуда буд ва баъди гузашти чанд номашро – Абуабдуллоҳ Рудакӣ навиштанд..

Дар матлабе, ки дар шабакаи иҷтимоӣ омадааст, навишта шудааст, ки вақте ин манзараро равшанфикрони Самарқанд диданд, фикреро қайд карданд, ки дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол ва демократӣ ба Алишер Навоии дар Ҳирот тавлидшуда ба подоши хидматҳояш чандин муҷассамаҳо гузоштан мумкин, ба намояндагони дигари сиёсӣ ва илму адаб, ба чаҳор бахшие, ки касе онҳоро намешиносад, дар боғи шоирони воқеъ дар Регистон ҳайкал мондан ва ҳатто хари афандӣ сазовори қадру қимат асту ба шарафаш ҳайкали биринҷӣ гузошта шудаасту аҷаб, ки дар байни онҳо ба устод Рӯдакӣ ҷой ёфт намешавад ва ё намехоҳанд ҷояш диҳанд.

Устод Рӯдакиро ҷаҳон шинохт, аммо ҳокимони кунунии Самарқанд натавонистанд қадрашро бидонанд ва номи ворисии ӯро бардошта тавонанд!

Имрӯз Рӯзи Рӯдакӣ аст ва аз ин ҳодиса 14 сол сипарӣ гашт. Ҳамаи дӯстодорони ашъори Рӯдакиро табрик мегӯем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД