1xbet
Муҷассамаи Бобоҷон Ғафуровро ба ҷойи муносиб мекӯчонанд
114

Муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров - Қаҳрамони Тоҷикистон ба дигар ҷой кӯчонида мешавад. Масъулини шаҳри Бохтар мегӯянд, ки ҷойи феълии муҷассама мувофиқ нест.

Ба гуфтаи Икром Юсуфов, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар, корҳои сохтмонӣ шуруъ шудааст ва то як моҳ ҳайкал кӯчонида мешавад.

“Маконе, ки ҳоло муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, мувофиқ нест. Аз ҷониби дигар, дар канори он сохтмони иншооти баландошёна шуруъ мешавад”,- гуфт номбурда.

Икром Юсуфов мегӯяд, ки феълан дар назди Осорхонаи вилоятии ба номи Авасто ва Қасри фарҳангу итилооти шаҳри Бохтар муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров ҷой карда хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД