Sebiston new 2024 october
Муаррифии имконияти зиёди сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон
647

Зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Назим Нордалӣ, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, масъалаи бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Завқӣ Завқизода имконияти зиёди сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди мамлакатро муаррифӣ намуда, аз Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) дархост кардааст, ки барои татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ITFC ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ ва офтобӣ, марказҳои логистикӣ, рушди савдо, сайёҳӣ ва бонкдорӣ маблағгузориро зиёд намоянд.

Гуфта мешавад, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 миллион доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 миллион доллар амалӣ мегардад.

Директори асосии амалиёти корпоратсия Назим Нордалӣ бобати сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои гуфташуда ва густариши ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД