Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид. Бино ба иттилои ин кумита, барнома бо мақсади шиносоии бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ бо мавзеи таърихии «Аҷинатеппа» омода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки «Аҷинатеппа» боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ мебошад. Мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият доштааст. «Аҷинатеппа» аз маркази шаҳри Бохтар 13 километр дуртар, дар ҷамоати деҳоти «Киров»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Акнун сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ имкон доранд, ки дар бораи ин мавзеи таърихӣ ба воситаи барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» маълумот пайдо кунанд.