Муаррифии адабиёти навин дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров муаррифии адабиёти навин баргузор гардид. Дар он кормандони раёсати донишгоҳ, устодон ва донишҷӯёни факултету кафедраҳо фаъолона иштирок намуданд.
Бино ба иттилои маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ, соли 2025 бо дастури ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин беш аз 5050 нусха китоб харидорӣ гардида, 20 нусха китоб ба китобхона туҳфа ва 2140 нусха китоб дар доираи ҳамкориҳо иваз шудааст. Ҳоло фонди китобхона наздик ба 270 ҳазор нусха китобҳои соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегирад. Танҳо дар соли 2025 махзани китобхона бо зиёда аз 1726 номгӯ, 7211 нусха китоб, 204 фишурдаи рисолаҳои илмӣ ва 69 рисолаи илмии тозанашр ғанӣ гардонида шудааст.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар ҳамин давра зиёда аз 65 197 нафар хонанда ба китобхона ташриф овардаанд. Теъдоди умумии хонандагони китобхона айни ҳол 20 763 нафарро ташкил дода, танҳо дар соли 2025-ум 5105 нафар аъзои нав пазируфта шудаанд.