Formula novemver 2024
Муаррифгари фарҳангу ҳунари тоҷикон дар Туркия
1810

Тайи чанд соли охир синамогарони турк бо пешниҳоди филмҳои таърихӣ таваҷҷӯҳи дӯстдорони ин намуди санъатро ба худ ҷалб намудаанд. Дар муддати кӯтоҳ якчанд силсилафилмҳои туркие, ки бозгӯи таъриханд, аллакай бо даҳҳо забонҳои хориҷӣ тарҷума ва пешкаши тамошобинон гардидааст.

Барои офаридани нақшҳои гуногун дар чунин филмҳо аз хориҷ, на танҳо ҳунармандони ҳирфавӣ, балки афроди навкор, ё нафарони касбу кори гуногунро ҷалб намудаанд.

Ҷавони тоҷик Сомон Ҳамидзода 23 сол дорад. Ӯ чанд вақт мешавад, ки дар нақшҳои иловагии филмҳои туркӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Сомон хатмкардаи ихтисоси фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватании факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Як сол мешавад, ки Сомон дар нақшҳои иловагии филмҳои туркӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ бори аввал дар кастинге, ки барои силсилафилми “Ҳукмдор Усмон” эълон гардида буд, иштирок намуда, ғолиб омад. Аъзои ҳакамон ба маҳорати актёрии ин ҷавон баҳои баланд дода, ӯро ба кор қабул карданд. Аз ҳамон вақт сар карда, фаъолияти ҳунарии ин ҷавони боистеъдод оғоз гардид.

“Аз хурдӣ ба филмҳои таърихӣ таваҷҷӯҳи зиёд доштам. Махсусан, филмҳои туркиро бениҳоят дӯст медоштам. Вақте ки эълони кастингро дидам, барои санҷидани маҳоратам дар он иштирок намудам ва дар он ғолиб омадам. Ба қавле кастинг маро ҳунарманд кард. Дар ягон гӯшаи хаёлам набуд, ки рӯзе дар чунин филми овозадор нақш меофарам”, - гуфт Сомон.

Қаҳрамони мо дар силсилафилми машҳури “Ҳукмдор Усмон” ҳамчун шамшерзан ҳунарнамоӣ кард. Нақшҳояш дар қисмҳои 99-100-и филми мазкур ба назар мерасанд. Чун ӯ дар нақшҳои иловагӣ ҳунарнамоӣ мекунад, дар баъзе ҷойҳо хуб ва дар бархе ҷойи дигар кам ба назар мерасад. Назар ба гуфти ӯ, чӣ дар нақши асосӣ ва чӣ иловагӣ аз ҳунарманд заҳмату маҳорат талаб карда мешавад.

Ҳунарманди ҷавон гуфт, барои офаридани панҷ - даҳ дақиқаи филм баъзан ду-се рӯз сарф мешавад. Чун барои иҷрои нақш тамрини зиёд лозим аст. Ба гуфтаи ӯ, раванди банаворгирии филм пур аз воқеаҳои аҷибу рангоранганд, чун тамоми ҳунармандон ва анбӯҳи одамон бо либоси таърихӣ он ҷо ҳузур доранд. Майдони банаворгирии филм майдони воқеии ҷангро мемонад ва ҳамагон бо маҳорати баланд аз пайи иҷрои нақши худ мешаванд.

“Албатта, ҳар тоҷике, ки берун аз ватан меравад, мехоҳад бо ҳар роҳу восита фарҳанги волои худро муаррифӣ намояд. Ман низ ба дӯстони туркам бештар аз зебоиҳои ватан ва фарҳангу тамаддуни тоҷикона қисса мекунам. Ҳар гоҳ, ки аз Тоҷикистон ҳарф мезанам, рафиқонам бо камоли майл гӯш медиҳанд. Онҳо он гунае, ки мо Тоҷикистонро васф мекунем, намедонанд. Вақте ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ расмҳои зебои диёрро нишон медиҳам, дар ҳайрат мемонанд, ки Тоҷикистон то ин дараҷа рушд кардааст. Аз ин рӯ, мехоҳанд кишвари моро аз наздик бинанд. Онҳо Тоҷикистонро хеле дӯст медоранд. Дар ин баробар, ба рафиқони туркам хӯрокҳои миллии тоҷикӣ пухта медиҳам. Мехоҳам онҳо донанд, ки тоҷикон чӣ қадар мардуми ҳунарманду меҳмоннавозанд", - гуфт ин ҳунарманди ҷавон.

Сомон то имрӯз дар силсилафилмҳои “Ҳукмдор Усмон”, “Алп Арслон”, “Абӯалӣ Ибни Сино” ва даҳҳо филми дигар ҳамчун шамшерзан, ғулом, полис, савдогар, донишҷӯ, хонандаи мактаб, мударриси мадраса, роҳгузар ва одами фақири деҳа нақш офаридааст. Чун дар филмҳо маҳорату истеъдоди баланд нишон додааст, ба Сертификати “Соҳаи синамои турк” соҳиб гардидааст.

Ӯ дар мактаби бузурги синамогарони турк таҷриба андӯхта, мехоҳад дар ин самт соҳиби малакаи хуб гардад ва бо ҳунармандону коргардонҳои муваффақи тоҷик ҳамкориро ба роҳ монда, филмҳои зиёд ба навор гирад. Ба ин васила, Сомон мехоҳад таъриху тамаддун ва фарҳангу забони миллии хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД