Ман Фахриддинова Муҳаррам, соли таваллудам 1967, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошам. Се сол мешавад, ки шавҳарам вафот кардааст. Фарзанд ҳам надорам.
Чанд маротиба фарзанддор шудам, вале онҳоро ба даст гирифта натавонистаму вафот карданд. Ҳоло дар таҳхонаи як ҳавлӣ зиндагӣ мекунам. Шароити хуб надорад. Бар замми ин, таҳхона хунук аст. Дар фасли зимистон зиндагӣ дар он таҳхонаи сарду торик имкон надорад. Саломатиам мудом азиятам медиҳад, вале боз кор мекунам. Маоши ночизе, ки мегирам, танҳо барои рӯзгузаронӣ кифоягӣ мекунаду халос.
Кам-кам пасандоз карда, ягон кулбаро харидорӣ кардан мехоҳам, вале намешавад. Хонандаи ҳамешагии “Оила” ҳастам. Новобаста аз вазъи зиндагиам, ҳар рӯз вориди сомонаи "Оила" шуда, матлабҳояшро мехонам.
Мехонам, ки чӣ тавр тавассути ин сомона нафарони бехонаву дар соҳиби сарпаноҳ мешаванд ва хайрхоҳон ба эҳтиёҷмандон кӯмак мекунанд. Дар сомонаи "Оила" хондам, ки Фарзонаи Хуршед ба нафарони ниёзманд хона туҳфа кардан мехостааст. Ба ҳамин хотир, ба идораи “Оила” муроҷиат кардам.
Бовар кунед, дар ҳақиқат муҳтоҷ ҳастам. Агар як фарзанд медоштам, ҳеҷ гоҳ сарамро назди касе хам намекардам. Вале чӣ чора, ки тақдир маро аз ин неъмат бе насиб кардаву дар охири умр хору зор шудан намехоҳам. Рақами телефон: 901052906
Фахриддинова Муҳаррам,
сокини шаҳри Душанбе