Arzon march 2024
МУҶАРРАДИ ЯКУМРА
01.01.2021
Р. Азимӣ
4826

 

Парвардигори олам, - оҳиста-оҳиста, канда-канда ба сухан даромад ӯ, нахуст ҳазрати Одамро офарид. Он кас дар боғи биҳишт сайр мекарданд, аз оби Кавсар менӯшиданду аз анору хурмову дигар меваҳо истеъмол мекарданд ва дар кӯшкҳои боҳашаммат истироҳат доштанд. Бо вуҷуди ин ҳама, нороҳат буданду пурандеша. Худованди огоҳ ва доно, пас Биби Ҳавворо офарид, то ру мӯнису аниси Одам бошад. Одам шод шуду Худовандро санохонд, хеле аз дур оғоз намуд мӯйсафед. Лекин ман фарзанди ҳамон Одам, аз ин дунё безан гузаштам.

Албатта ягон сабаб будагист,ки шумо ба ин рафтори ғайриоддӣ рӯ овардед? Бесабаб ягон амал ба вуқӯъ намеояд, бачем,ашконашро бо бари саллааш пок карда давом бобои Одина. Ман ҳам ба мисли шумо ҷавон будаму шавқу завқи ҷавонӣ доштам, ба дил орзуҳо мепарваридам.

                            ҶАВОНӢ

Дар оила ман фарзанди нахустин будам. Падарам аз ҷанг омада буду лек аз ду пой махрум.Барои ҳамин саробонии оила ба

ман афтода буд. Ҳамсинфону ҳамсолонам ба хондан рафтанду соҳиби маълумот шуданд. Валекин ман дар деҳа мондам, ҳарчанд саводу дониши хуб доштам, шароит набуд. Худованд барои баъзеҳо савод медиҳаду шароит не, барои баъзеи дигар шароит медиҳаду савод не! Зиндагиамон хуб буд. Ману модарам дар колхоз кор мекардем. Маро ҳисобчии бригадир монда

буданд. Ана ҳамон солҳо, оташи ишқ бар дили ман афтода буд. Ман духтари раиси колхозро дӯст медоштам. У ҳам маро дӯст медошт. Пинҳонӣ мулоқот мекардему роз мегуфтем. Риштаи муҳаббати мо торафт мустаҳкам мешуд, гумон мекардем, ки Худо моро барои ҳамдигар офаридааст.

Қиссаи муҳаббати мо вирди забонҳо гашта буд. Мо ҳарду интизори он рӯзи фархунда ва саиде будем, ки ба висоли ҳамдигар расем. Аммо рӯзгор бар мо баргашта буд.

                               ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Маро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд ва бо ҳамин роҳ маҷбурӣ аз ӯ ҷудо карданд. Азизаи ман, мактуб менавишту интизор шуданашро хамеша таъкид менамуд. Қариб ҳар ҳафта ман аз ӯ номае саршор аз меҳру умед мегирифтам. Он номаҳоро мехондаму беихтиёр гиря мекардам: дурӣ, ҷудоӣ, фироқ хеле мушкил буд. Ҳар рӯзро бо ёди ишқи ӯ, бо хаёли ӯ паси сар мекардам. Ҳамагӣ якуним моҳ монда буд, ки бояд хизматро адо мекардам, боз номаи ӯ омад, хабар дода мешуд, ки ӯро ба дигар кас фотиҳа кардаанд… Аз ишқи поки мо қариб ҳамаи ротаи мо хабар дошт. Зеро аз ҳама бештар ба ман мактуб меомад ва онҳо аз Азиза буд. Мо ҳамроҳи чанд нафар ҳамхизматон ба пеши пои командир афтодем, ки маро пеш аз мӯҳлат ҷавоб диҳад. Баъди як ҳафта маро ҷавоб доданд.

                                  БОЗГАШТ

Бо чашми пурнам ва дили пурғам дохили ҳавлӣ шудам. Модарам ашки шодӣ гумон кард, бечора намедонист, ки фарзандаш аз ғусса, аз андӯҳи дили озордида, мегиряд Ғунчаи умеду меҳру вафои ман ношукуфта ба хок яксон шуда буд. Шабонгоҳ баъди гуселонидани меҳмонону хешовандон, беқарору саргаранг, зери садаи ҳавлӣ, ки ҷои хоби ману бародарам буд, чӣ кор карданамро намедонистам. Мо бо бародар то дергоҳ сӯҳбат кардем. У маро аз навигариҳову воқеаҳои рухдода, хабардор месохт. Вале аз Азизаи ман чизе намегуфт. Ҳамин тавр соат қариб 12 буд, ки овози ғиҷирросзада кушода шудани дарвоза баромад.

Ҳанӯз ман ба ёди Азиза будаму чӣ чора андешиданамро фикр мекардам. Ба он сӯ назар кардаму дар рӯшании моҳи пурраи тобистон дидам, ки сиёҳие ба ҷониби мо меояд. Ҳангоме, ки наздиктар омад, ман ӯро шинохтам. Азиза буд! -Азиза!

Одина! -гӯён худро ба оғӯши ман партофт. Ман аз шодӣ худро гум кардам. Аввалин бор аз лабони шакаринаш бӯсидам. Ва… ин бӯсаи аввалину охирини ман дар тамоми ҳаётам буд! Ба садоқат ва вафодории зан ҳамон шаб тан додам. Агар зан дӯст медоштааст аз ҳеҷ чиз наметарсидааст. Одина, ман бе ту зиндагӣ карда наметавонам, бе ту марг авлотар аст, ҳамвора такрор мекард ӯ. Ман чун гунге лол монда будам. Чӣ гуфтанамро намедонистам. Худи пагоҳ, назди падарат рафта, ҳамаашро мефаҳмонам- гуфтам.

Беҳуда меравӣ, ман ҳазор бор фаҳмондам, гиря кардам, нола кардам, бефоида. Беҳтараш ман аз ин ҷо, аз ин хона ҳеҷ ҷо намеравам, баногаҳ хулоса баровард ӯ.

Беандешагӣ накун, ягон роҳашро меёбем. Падарат одами чоркас мешинохтагӣ, обрӯ дорад, ном дорад - тасалло медодам ӯро.

-Ту тарсончак, аз дастат ҳеҷ чиз намеояд, ғазаболуду гиряомез –гуфт Азиза, Қарибии субҳ ман ўро гуселонидам.

                        МАКТУБИ ОХИРИН

Пагоҳии дигар боз аскарбинҳо меомаданду ман ба хонаи онҳо рафта натавонистам. Қариби чошт буд, ки духтарчае як когазеро дар шоҳидии меҳмонҳо ба ман дароз карду зуд дур шуд. Номае буд, ки дар он як сатр ҷой гирифта буд Одина, дар он дунё вомехурем!"

Муйсифед кисаашро кофта аз ҳамени чармине коғази зарду фар- тутшудаеро баронарду бо дастони ларзон ба ман дароз кард. Дар он як сатр мавчуд буд, ки дар ҳазор ҷилд китоб намегунчид.Одина дар он дунё вомехӯрем, Азизаи нокоми ту…….

Ман чӣ маъно доштани ин навиштаро он вақт нафаҳмидам.Аммо ки хабари ғайб задани Азиза пахн шуд, будани мақсадашро фаҳмидам. Лек хеле дер шуда буд. Пагоҳин дигар ҳамаи ахли дех ба по хест. Аз ҳафт сола го ҳафтодсола Азизаро мечустанд.

                         ДАРЁИ ОДАМХУР

Лаб-лаби дарё замин кафида буду одам баромада буд. Ман девонавор худро ба дарё партофта, ўро меҷустам. Баъди кофтукови бомашаккат кариби шом ҷасади варамкардаи ўро ёфтем. Ман часади мехрубонам, вафодорамро рӯи даст гирифта меомадаму хурду калон мегирист, ҳам ба холи у, ҳам ба ҳоли ман.

Эх, фалаки бераҳм он рӯз чӣ рӯзи наҳсе буд, чӣ рӯзи сахте буд! Ба ёди ман барои ман шуда, худашро нобуд гардонд ва якумр

маро ҳам бадбахт гардонид.Ҳангоме ки часади ўро ба хоки хунук мемонданд ман худро ба гӯр партофтам.

"Маро ҳам бо Азиза гуронед- дод мезадам. Охир оғӯши гӯр не, оғуши гарми ман чои у буд! "

Маро беҳушу беёд ба хона оварданд. Шабу рӯз мегиристам. Ман дар хақиқат ба девонае монанд шуда будам, Азиза ҳар шаб

ба хобам медаромад, бо ман ҳарф мезад.

Расо се сол ман аз бистари гам хеста натавонистам, савганд ёл кардам, ки агар зинда монам ҳам ба хотири он меҳрубоне, ки худро барои ман шуда курбон кард, мучаррад мемонам, зан намегирам.

                           МУҶАРРАДИ ЯКУМРА

Баростӣ ҳоли гиряовару ғамфизое дошт мӯйсафед, ёди он рӯзхо хеле сангин буд, барояш. Сукут ва хомушиаш дахшатангез менамуд. Бобои Одина, зиндагии муҷаррадона бароятон мушкил набуд,охир инсон дорои ғаризаҳо ва нафсҳоест?

-Мушкил буд бачем, хеле –хеле мушкил буд.

-Акнун ки синнатон ба ҷое расидааст гумон мекунам ба мухиме омадагистед, пушаймон нестед, ки тӯли ин қадар сол танҳои танҳо будед?

-Пушаймонам, пушаймон аз он ки дар дунё аз худ нишоне намемонам. Бояд бигӯям, ки марди безану фарзанд , як дарахти хушкеро мемонад, як тамошогари лаззату хушбахтии дигарон аст. Дунё бо вучуди зан зебост ва маъно дорад. Зан натанҳо барон тавлид кардан, балки барон он офарида шудааст, ки ҳамдилу хамнафаси мард бошад. Ман хеле пушаймонам, ки бе ёру бе ҳамдилу бекас рӯзгорам ба поён мерасад…

Аммо дигар хел шуданаш ҳам хеч мумкин набуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД