Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 120 нафар намояндагони бахшҳои гуногун барои хизматҳояшон унвону мукофотҳои давлатӣ супорид, ки намояндагони соҳаи фарҳанг низ истисно нестанд.
Дар вазъияти тантанавӣ дар Қасри миллат ба овозхон Исмоил Назриев унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон, ба овозхонҳо Фурқати Саид, Муҳаррама Шарипова ва Каромат Ҳоҷиева унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ба ҳунармандон Дмитрий Мурзинов, Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров ва овозхонҳо Ҷовидон Нозимов, Муҳаммадрафии Кароматулло ва Соҳиба Давлатшоева унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ба оҳангсоз Фарҳод Зикиров ва овозхон Ақназар Аловатов медали “Хизмати шриста”, ба оҳангсоз Амирбек Мӯсоев ордени “Шараф” ва ба оҳангсоз Сангалӣ Ҳамидов унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон супорида шуд. Ҳамин тавр, дар умум ба 5 нафар унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ба 1 нафар унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, ба 5 нафари дигар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ба 29 нафар медали “Хизмати шоиста”, ба 34 нафар унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва ба 15 нафар ордени “Шараф” дараҷаҳои I-II, тақдим карда шуд. Дар миёни ҷоизагирандагон Муҳаммадрафии Кароматуллои 35-сола ҷавонтарин ҳунарманде буд, ки соҳиби унвони фахрӣ гардид.