arzon replenishment
Муҳаммад Наимов Каан Офлиро мағлуб кард
03.02.2025
Oila.tj
118

Шаби 1-уми феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби мусобиқаи UFC Fight Night 250 размикори тоҷик Муҳаммад Наимов (12-3) вориди ҳашткунҷа шуда, бо Каан Офлии (11-4-1) австралиягӣ неру санҷид ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯзӣ ба даст овард.

Ин пирӯзии 12-уми Муҳаммад Наимов аст. Наимов 3 бохт низ ба қайд гирифтааст. Офли 11 ғалаба, 4 бохт ва 1 мусовӣ дар ҳисоб дорад.

Муҳаммад Наимови 30-сола аввалин задухӯрди худро дар муҳорибаҳои омехта соли 2018 анҷом дода, аз он замон то кунун 15 маротиба ба октагон ворид шуда, 12 маротиба пирӯз шудааст, ки ҳашттоаш пеш аз муҳлат ба даст омадааст.

Муҳаммад Наимов рақобати панҷумашро дар ташкилоти бонуфузи UFC доир кард. Дар рақобати дебютиаш Муҳаммад бар Ҷейми Малларки аз Австралия музаффарият ба даст оварда буд. Дар идома Наимов бар Натаниэл Вуди англия ва Эрик Силваи бразилӣ зафар ёфта, дар рақобати охирин аз Фелипе Лимаи бразилӣ ноком гардид. Пирӯзӣ дар рақобати панҷум бар Каан Офли ба даст омад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД