Arzon march 2024
Муаллимро заданду дашном доданд
484

 

Ду сокини шаҳри Бохтар бо гумони латукӯби омӯзгори як мактаби миёна боздошт шудаанд.

Ба иттилои милитсияи Хатлон, Қосим Достонов, соли таваллудаш 2002, сокини кӯчаи Вализодаи шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаи 237, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои авбошӣ суд шудааст ва Исомиддин Воҳидзода, соли таваллудаш 2002, сокини кӯчаи Хатлони шаҳри Бохтар, барои латукӯби як муаллим дастгир карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки номбурдагон ба ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва бо истифода аз зӯроварӣ расонидани зарар ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон дар ҳайати гурӯҳӣ даст задаанд.

“Дастгиршудагон аз ҳиссиёти баланди авбошӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Бохтар ҳозир гардида, омӯзгори муассисаи мазкур Зиёзода С. Р.-ро, ки ба хонанандагон дарс мегуфт, ба долони муассиса даъват намуда, нисбаташ дашному ҳақоратҳои қабеҳ карда, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расониданд”, - иттилоъ дод ин ниҳод.

Гуфта мешавад, ки ҳарчанд атрофиён аз онҳо дархост кардаанд, ки амалҳои ғайриқонуниашонро қатъ кунанд, ба суханони касе эътибор надода, муддати тулонӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва рафти дарсомӯзиро дар дохили муассисаи мазкур дағалона вайрон намудаанд.

Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба Oila.tj гуфт, онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ аллакай роҷеъ ба ин масъала корбарӣ доранд ва нисбати пешгирии чунин ҳолатҳо дар оянда дар мактабҳо боз ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

“Онҳо на хонанда, балки шаҳрванд буданд. Ин ҳодиса баъди анҷоми дарс сурат гирифт. Ҳоло ҳардуяшон дар боздоштанд ва мақомот муайян мекунад, ки сабаби чунин рафтор бо омӯзгор чӣ будааст”, - гуфт Абдуназарзода.

Саидмурод Қаҳҳоров, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар, зимни суҳбати телефонӣ бо Oila.tj гуфт, ҳодиса баъди ҷамъбасти охирон соати дарсии қисмати баъд аз нисфирӯзӣ сурат гирифтааст ва вақте, ки омӯзгор дарсашро хатм карда, ба саҳни ҳавлӣ мебарояд, дастгиршудагон бо ӯ чунин муомила кардаанд.

“Бино ба нақли муаллим, ин ду нафар ба пушташ бо шапалоқ задаанд. Сабабаш барои мо маълум нест ва омӯзгор ягон ҷароҳат ё захм набардоштааст. Баъди ин, ӯ ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кардааст ва ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”, - гуф роҳбари мактаб.

Ба баёни ӯ, ҳарду боздоштшуда хатмкардаи ҳамин мактабанд ва соли 2019 номаи камол гирифтаанд. Яке аз онҳо қаблан барои авбошӣ суд шуда будааст.

Саидмурод Қаҳҳоров дар мавриди шахсияти омӯзгори ҷабрдида гуфт, ӯ ҳоло донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хисрав буда, тӯли 4 моҳ боз дар муассиса аз фанни математика дарс мегӯяду зодаи шаҳри Хуҷанд аст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршудагон Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзода бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Тафтишот дар ин маврид идома дорад.

Дар сурати собит шудани гуноҳи ҷавонон мумкин аст, ки онҳо ё ҷаримаи бузург супоранд ва ё барои чунин кирдор аз 2 то 5 соли умрашонро паси панҷара сипарӣ кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД