Formula novemver 2024
Муаллиме, ки шогирдонаш шӯҳратёр гаштанд
650


Шарифҷон Наҷмиддинов 38-соли умри пурбаракаташро сарфи пешаи омӯзгорӣ намудааст.

Ин омӯзгори ботаҷриба дар тарбияи насли наврас саҳми намоён ва арзандае дорад.

Қаҳрамони мо соли 1985 донишгоҳро хатм карда, фаъолияти омӯзгориашро аз ҳамон давра оғоз намудааст. Азбаски он солҳо мактабҳои Истаравшан ба чунин кадрҳои болаёқат сахт ниёз доштанд, муттахассиси ҷавонро дарҳол бо оғӯши боз ба кор қабул карданд. Вай дар муассиса аз фанҳои физика ва математика дарс мегуфт ва то ба имрӯз бо шукргузорӣ аз истиқлолияти кишвар ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст.

Шарифҷон Наҷмиддинов аз зумраи омӯзгорони муваффақи шаҳри Истаравшан ба шумор меравад. Мавсуф аз фанҳои дақиқ ба хонандагон дарс мегӯяд. Ба қавли ӯ дарси фанҳои дақиқ бояд шавқовар гузаранд, то дар зеҳни хонандагон нақш бандад.

Ин омӯзгори хушсалиқа барои таъсиргузор шудани дарс аз тарзу усулҳои гуногуни таълим истифода мебарад. Ҳамзамон маҳфилҳои илмӣ, дарси кушод ва озмунҳои зиёд ташкил намуда, бо ҳамин восита таваҷҷӯҳи хонандагонро ба илмҳои дақиқ ҷалб менамояд.

"Фанҳои дақиқ аслан хеле шавқоваранд, вале омӯзгор моҳияти онро дуруст фаҳмонида аз роҳу усулҳои гуногун истифода набарад, ба назари хонандагон душвору дилгиркунанда метобад. Толибилмон бештар ба чизҳои дидаашон бовар мекунанд, вақте ки муаллим бо аёниятҳо дарс мегӯяду соати ҷудошударо шавқовар мегузаронад, дарс шавқовар гузашта, дар зеҳни хонандагон нақш мебандад",-таъкид мегӯяд бо таъкид муаллим.

Қаҳрамони мо қариб даҳ сол дар лагери беруназшаҳрӣ ҳамчун мураббӣ фаъолият кардааст. Ӯ шабона дӯстдорони илми физикаро ҷамъ намуда, доир ба ситораҳо, бурҷҳо ва ҷирмҳои осмонӣ ба онҳо нақл мекард. Ҳамагон бо шавқи зиёд ба нақлҳояш гӯш медоданд ва худро дар олами беҳудуди коинот эҳсос мекарданд.
Муаллим дар ҳама ҳолат кӯшиш мекард, ки ба насли наврас илм омӯзонад, то наслҳои оянда босавод ба камол бирасанд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ намояндагони касбу кори гуногун аз рӯйи ноилоҷӣ ва набудани маош роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Аз ҷумла омӯзгорон гурӯҳ-гурӯҳ барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба муҳоҷират мерафтанд. Дар мактаб омӯзгор намерасид. Аммо дар ҳамон солҳои ниҳоят вазнин низ Шарифҷон Наҷмиддинов ҳамарӯза роҳи дури деҳаро пиёда тай намуда, барои таълиму тадриси хонандагон мерафт.

Гармои тобистону сармои зимистон, роҳи дуру кори бемаош ӯро боз намедошт.

"Бениҳоят солҳои вазнин буданд. Аз як тараф гуруснагӣ, аз тарафи дигар бесаводӣ мардумро таҳдид мекард. Аз ин рӯ барои аз илму донишу маърифат дур намондани насли оянда ройгон бошад ҳам, рафта ба бачаҳо дарс мегуфтем.

Падарам, ки ҳунарманд буданд, бори рӯзгорро бар дӯши худашон гирифта, таъкид карданд, ки "Рав писарам ба ояндаи миллат бефарқ нашав. Барои босавод шудани насли оянда саҳм гузор." Ин суханони пандомези падарам маро рӯҳбаланд мекарданд. Дар ҳамон солҳои ниҳоят душвор низ мо ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз бовар доштем ва шукр, ки ба чунин рӯзҳо расидем",-китоби хотираҳои худро варақгардон намуда, нақл мекунад муаллим.

Шарифҷон Наҷмиддинов пайваста кӯшиш мекард донишҳои азхудкардаашро ба дигарон омӯзад. Вай аз оғози фаъолияти корӣ маҳфили инфиродиашро ташкил намуд. Дар маҳфил хоҳишмандон иштирок карда, назария ва амалияи физикаро аз худ мекарданд.

Муаллим барои ин пул намегирифт, вай танҳо мехост хонандагон илми бештар омӯзанд.
Қаҳрамони мо имрӯзҳо низ дар Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан барои дӯстдорони илми физика маҳфил дорад. Дар баробари ин, дар маҳфили "Мактаби таҳсилоти иловагӣ" ба хонандагон дарс мегӯяд. "Лоиҳаи биноҳои баландошёна", Киштии кайҳонии оянда", "Дастгоҳи барқистеҳсолкунӣ" намунаҳои эҷоди хонандагонанд, ки муаллим Шарифҷон Наҷмиддинов ба онҳо роҳбарӣ кардааст. Маҳсули эҷоди хонандагони боргоҳи мазкур борҳо дар озмунҳо намоиш дода шуда, ғолибият ба даст овардааст.

Шарифҷон Наҷмиддинов барои хизматҳои шоёнаш борҳо бо сипосномаву ифтихорномаи раёсати маорифи вилояту шаҳр қадрдонӣ шуда, ҳамзамон бо унвони "Аълочии маорифи халқ" сарфароз гардидааст, вале тавре ки худи муаллим мегӯяд, маҳз дастовардҳои шогирдонаш беҳтарин ҷоизаи зиндагии ӯ ба ҳисоб мераванд.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД